Исмоил Маҳмадзоир бо ордени “Шараф” қадрдонӣ шуд

Маҳмадзоир Исмоил — президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонида шуд.

Дар асоси фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи сарфарозгардонии намояндагони соҳаи варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷоизаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ” барои саҳми арзанда дар рушди варзиш, ҳавасманд намудани ғолибон ва ҷоизадорони мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, баланд бардоштани сатҳи иштироки варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мусобиқаҳои байналмилалии варзишӣ, аз ҷумла дастоварди баланд дар Бозиҳои 33-юми тобистонаи олимпии Париж-2024 дар баробари дигар намояндагони соҳаи варзиши кишвар Маҳмадзоир Исмоил — президенти Федератсияи ҷудои Тоҷикистон бо ордени “Шараф” дараҷаи ІІ сарфароз гардонида шуд.

Ин ҷоизаи давлатиро ба Исмоил Маҳмадзоир Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон барои корнамоии варзишии ду ҷудочии номдор Темур Раҳимов ва Сомон Маҳмадбеков, ки ҳарду дар Париж – 2024 соҳиби медали биринҷӣ шуданд, тақдим намуд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *