Испания қаҳрамони Аврупо-2024

Тими миллии Испания, ки дар бозии ниҳоии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Аврупо дар Олмон мунтахаби Англияро бо ҳисоби 2:1 шикаст дод, бори чаҳорум ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, бо медалҳои тило сарфароз гардид.

Бозии ниҳоии қаҳрамонии Аврупо-2024 миёни тимҳои миллии Испания ва Англия шаби 14-уми июл дар варзишгоҳи Олимпии шаҳри Берлин баргузор шуд. Голҳои дастаи ғолибро Нико Уилямс (дақиқаи 47-ум) ва Микел Оярсабал (87) заданд. Голи инглисҳо ба Коул Палмер (73) мутааллиқ аст.

Мунтахаби Испания бори чаҳорум қаҳрамони Аврупо шуда, рекорд гузошт. Аз ин пеш испаниҳо солҳои 1964, 2008 ва 2012 медалҳои тилои ин мусобиқоти бузургтарини қораи Аврупоро ба даст оварда буданд. Инчунин мунтахаби Испания як бор (1984) медалҳои нуқра гирифтааст.

Инглисҳо, ки бори дувум пайиҳам дар финали қаҳрамонии Аврупо иштирок карданд, боз ноком шуданд.  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *