Кӯлоб: Арабзода ва муҳандисаш

Соли дуюм аст, ки сардори Муассисаи давлатии идораи хоҷагии автомобилгарди минтақаи Кӯлоб Арабзода Хуршед Сайвалӣ дар нишасти матбуотӣ бе ягон сабаб ширкат намекунад.

Ҳол он ки, рўзноманигорон бештар ба ў пурсишу таклиф доштанд. Акнун ў барои сарпечӣ аз супоришу дастури Роҳбари Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо №26 (10-249, аз 11.07.2023) ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид чӣ посухе медода бошад? Беҳуда ҳам воқеанигорон ба муҳандиси ин мақомот Муродалӣ Хомӯшов беш аз 20 савол надоданд.

Дигар масъалае, ки бобати он журналистон бо изтироб гаштаю баргашта суол медоданд, ин риоя нагардидани дастури Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси аз соати 8 то соати 20 манъ будани ҳаракати воситаҳои нақлиёти гаронвазни аз 40 тонна боло дар роҳҳои автомобилгард буд. Аҷоиб аст, ки роҳбари Хадамоти давлатии назорат ва танзим дар соҳаи нақлиёт дар минтақаи Кўлоб А. Ғанизода низ иқрор шуд, ки бо мақомоти бозрасии давлатии автомобилии минтақа санҷишу рейдҳои муштарк нагузаронидаанд. Ҳаракати нақлиёти гаронвазн махсусан дар ноҳияҳои Восеъ, Муъминобод, Фархор бештар аст. Аммо масъулону нозирони роҳ аз ин амалҳои ғайриқонунӣ чашм мепӯшанд.

Нурулло ҲАСАНОВ, рўзноманигор

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *