Икромиддин Вализода

Кӯшониён: Дар панҷ сол беш аз 250 иншоот месозанд

Ба хотири истиқболи шоиста аз 35-солагии Истиқлоли давлатии кишвар дар ноҳияи Кӯшониён бунёду бозсозии беш аз 250 иншоот ба нақша гирифта шудааст. Иҷрои коҳои сохтмонӣ дар соли 2022 наздики 120 дарсад таъмин шудааст.

Икромиддин Вализода — раиси ноҳияи Кӯшониён имрӯз, 9-уми феврал дар нишасти матбуотӣ гуфт, ки соли сипаришуда 26 иншооти таъиноти гуногун сохта мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ӯ афзуд, ки дар соли 2022-юм баистифодиҳии 22 иншоот дар нақша буд.

«Ҳамчунин, давоми соли 2022 дар ноҳияи Кӯшониён шаш муассисаи таълимии дорои 28 синфхона сохта ба истифода дода шуд. Баъди ба истифода додани муассисаҳои таълимӣ 700 ҷойи нишаст барои хонандагон ташкил шудааст»,- афзуд раиси ноҳия.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *