Аз таҳти дил бихандед!
Пул ва саломатӣ
Бемор аз табиб мепурсад:
– Духтур, рост аст, ки саломатиро бо пули калон ҳам харида намешавад?
Духтур дар ҷавоб:
– Ин гапи аблаҳонаро ба шумо кӣ гуфт?
Чароғаки сурх
Писар аз падараш мепурсад:
– Дада, вақте чароғак сурх бошад, роҳро гузаштан мумкин аст?
– Мумкин аст, бачем. Фақат ҳангоми гузаштан дастонатро боло бардошта, гузар.
– Барои чӣ ин корро кунам, дада?
Падар мегӯяд:
– Барои он ки мурдашӯй майкаатро ба осонӣ бароварда тавонад.
Ашки шавҳар
Фурӯшанда дар мағозаи ҷавоҳирот аз харидор мепурсад:
– Хоҳарҷон, барои чӣ ин пулҳои овардаатон ҳамааш тар аст?
Харидор мегӯяд:
– Апаҷон, шавҳарам вақти пул додан чунон гиря кард, ки пулҳо тар шуданд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Шарҳ