Кӣ имонфурӯшӣ мекунад, яклухтфурӯш ё чаканафурӯш?

 Бори дигар бароям собит гардид,ки ягон дину оин ноинсоферо сари  инсоф оварда наметавонад.Хусусан ноисофи бозорнишинро.

Дирӯз ба бозори навбунёди “Ховарон” ворид гардидам. Як рӯз пеш аз ҳамин бозор чор дона ҳандалакро ба 10 сомонӣ харида будам, имрӯз бошад фурӯшанда  яктои онро 7 сомонӣ мегуфт. “Чаро?” мепурсам аз ӯ. “Яклухтфурӯш пеш аз ид қиммат кардааст, вагарна ман ба болои ҳар кадоми ин ҳандалак мисли пештара як сомонӣ ё панҷоҳ дирам мемонам…” мегуяд чаканафурӯш. Пас, кадоме аз эшон дар арафаи Иди Рамазон дурӯғ мегуянд? Ё ба қавли Лоҳутӣ “Мусибат аз мусулмонҳост ё куффор, ё ҳарду?”  Агар  чаканафурӯшон ҳамон ҳандалаки сабилмондаро аз яклухтфуруш бо нархи пешниҳоднамудаашон  нагиранд, ин яклухтфурӯш баъдан ҳандалакҳои умркутоҳи худро ба кадом “муссорка” мепартояд?Аммо маълум, ки ҳарду ҷониб (яклухтфурӯшу чаканафурӯш) ба ин кор манфиатдор нестанд, зеро харидори  пешазидии гӯлро аз даст хоҳанд дод! Онҳоро ба инсоф даъват кардан, нақш бар об кашидан аст. Онҳоро бояд танзим (регулировка) кард, зеро эшон  на инсофмусулмон, балки табармусулмонанд ва набояд табари шаҳрдорӣ аз сари ин гуна фурӯшандагон дур шавад. Аммо тавре дар ҳамин бозор дидем, ин табар ҳам кунд шудааст ва ба қадри зарурӣ намебуррад. Вагарна чаро дар оғози Рамазон ба қавле, дар ин ҷо як яармарка ташкил карданд ва бо нархи арзонтар  шакару макарон пешниҳод намуданду ҳоло ин кор ба як чашмбандии одӣ табдил ёфтааст.  Аммо ман, чун шоҳиди айнӣ бо тамоми масъулият арз мекунам,ки дар давоми як моҳи Рамазон,ки ҳар рӯз роҳам аз ин ҷо мегузашт,  боре ҳам баъд аз соати 10 рӯз дар охурчаи растаи “арзонфурӯши” Тоҷикматлубот» дар “Ховарон” бознамуда шакар ном  маҳсулотро  надидаам, фақат изаш буд, ки замоне дар ин охурча шакар будааст. Дируз вақте, ки аз фурӯшандаи ин раста куҷо шудани шакари 5.5 сомонаро пурсидам, ҷавоб дод: “Фурӯхтем…” “Кай?” Ҷавоб: “Вақти саҳар…” “Чӣ қадар буд?” “Ду тонна….” Дидед, дуруғи ин сохтор ҳам аз ҳандалкфурӯшон камтар нест. Агар ду тонна шакарро яккилоӣ кунем, 2000 баста мешавад ва ҳамаи инро ин ҷанобон то соати даҳ фурухта тамом кардаанд.  Ҳол он,ки дар бозори нави “Ховарон”  ин қадар харидорро  ҳатто дар давоми як рӯзи дароз ҳам ҳисоб кардан  аз имкон берун аст.  “Дуруғгӯӣ торикии имон,…” гуфтаанд ва боз дар моҳи шарифи  Рамазон! Шояд дар ин моҳ фиребу дурӯғ “зулмоти имон” бошад? Он иқдоме,ки Раиси шаҳр Рустами Эмомалӣ дар мавриди дастгирии аҳолӣ амалӣ намуд, аз дасти роҳбарони ноӯҳдабаро ва соҳибкорони манфиат ҷӯ нишонрас нестанд.Боз ҳам ба чашми Раиси шаҳр ва ҳам мардум хок мепошанд. Бо  фурӯхтани чанд кило шакару макарон ҳисобот медиҳанд,ки “мо бозорро арзон кардем” Аммо дар асл бо ин кори худ иқдоми хуби шаҳрдориро бадном мекунанд. Бовар намекунед? Як ба бозори навсохти “Ховарон” равед…

Муҳаррири сомонаи “Тоҷикистон таймс” , субҳи рӯзи 14 июн

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *