Варзишгарони тоҷик дар Чемпионати Осиё

Дар шаҳри Алматои Ҷумҳурии Қазоқистон аз 13 то 17 июни соли равон Чемпионати Осиё оид ба каратэ-кёкушинкай баргузор мегардад.

Мувофиқи маълумоти Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон  Дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Аскарҷон Кароматов баҳри иштирок дар чемпионати Осиё ба қазоқистон рафт.

Тоҷикистонро дар мусобиқаи мазкур 9 нафар варзишгар тоҷикистонро муарифӣ менамоянд. Ба ин нӯҳгона Алӣ ибн Муҳаммад, Умедҷони Тоҷиддин, Аюбҷон Амонов, Роланд Глоклер, Фарангис Ҳоҷизода, Ҳусейн Сайфиддинзода, Билол Ниёзов, Фирӯз Кароматов ва Сироҷиддин Кароматов шомиланд, ки дар вазнҳои 35, 40, 45, 55, 65, 70 қувваозмоӣ хоҳанд кард.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *