Тавлиди чоргоник дар Суғд

Назокат Ҳодибоеваи 35 сола, ки сокини ҷамоати Овчӣ Қалъаи Ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мебошад шаби 12 ба 13 июн чоргоник ба дунё овардааст.

Табибон гуфтаанд, ки тифлакон ҳарчанд каме пеш аз мӯҳлат дар 35 ҳафтагиашон ба дунё омада бошанд ҳам вазъи саломатиашон қаноатбахш аст.  Айни замон ин чоргоника, ки сетоаш писар ва якеаш духтар мебошад зери назорати табибон қарор дошта, дар даруни шиша парасторӣ мешаванд.  Намояндагони ҳукумати Бобоҷон Ғафуров баҳри аёдати модару навзодон ба беморхона рафта, гуфтаанд, ки дар парасториву калон кардани онҳо кумак мекунан.

Падари ин чоргоника ронандаи мошини “Ёрии таъҷилӣ” буда, модар дар маҳалли зисташ фаррош шуда кор мекардааст.  Онҳо то ба таваллуди ин чоргоника аллакай соҳиби 4 фарзанд буданд ва фарзанди калонии онҳо 15 сола мебошад.  Бояд қайд кард, ки ин аввалинҳолати тавлиди чоргоник дар таваллудхонаи вилоятӣ мебошад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *