Кадом муҳоҷирони тоҷик авф мешаванду кадомаш не (Видео)

Раиси коммисияи муҳоҷирони Шӯрои миллатҳои ҳукумати шаҳри Маскав Александр Калинин бозор ба бозор гашта, ба муҳоҷирони тоҷик нуқтаҳои асосии афви эълонкардаи Русияро мефаҳмонад. Русия бо оғози як маъракаи афв ба муҳоҷирони тоҷик то 24 апрел вақт додааст, ки будубоши худро дар ин кишвар бидуни ягон ҷазо ва ҷарима дар ин кишвар қонунӣ кунанд.

Раиси коммисияи сиёсати муҳоҷирати Шӯрои миллатҳои ҳукумати шаҳри Маскав Александр Калинин барои фаҳмондани нуқтаҳои афве, ки дар Русия барои муҳоҷирони тоҷик эълон шудааст, шеваи ғайриоддиеро интихоб кардааст. Александр Калинин худ бозор ба бозор гашта, ба муҳоҷирони тоҷик мефаҳмонад, ки ин афв кадоми онҳоро фаро мегирад ва барои истифода аз он чӣ бояд кард.

Дар навори видеоие, ки ин мансабдори рус дар Интернет нашр кардааст, дар паҳлуи ӯ як муҳоҷири тоҷик истода ва сӯҳбатҳои Калининро ба тоҷикӣ тарҷума мекунад.

Бар асоси тавофуқе, ки байни Тоҷикистону Русия ҳосил шудаанд, шаҳрвандони тоҷике, ки дар ҳудуди Русия ба беш аз ду қонунвайронкунӣ роҳ додаанд ваё дар давоми 90 рӯз натавонистаанд будубоши худро қонунӣ кунанд, метавонанд аз 25 март то 24 апрел бидуни ҷарима худро қонунӣ кунанд. Русия ҳамчунин онҳоеро, ки бо чунин гуноҳҳо аз ҳаққи сафар ба ин кишвар маҳрум шудаанд, аз рӯйхати сиёҳаш мебарорад.

Ин маъракаи афв ба онҳое, ки бо ҳукми додгоҳҳо бар асоси моддаҳои 18.8 ва 18.10-и Кодекси қонуншиканиҳои маъмурии Русия ихроҷ ё берун карда шудаанд, дахл надорад, вале ҳазорон нафари дигар, ки ба далели вайрон кардани моддаҳои 26.4 ва 26.8-и қонун дар бораи тартиби вуруд ва хуруҷ аз қаламрави Русия ба рӯйхати сиёҳ афтодаанд, метавонанд дар тӯли ин як моҳ будубоши худро дар Русия бидуни пардохти ягон ҷарима қонунӣ кунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *