Туркия

Кадом ситораҳои турк дар заминларза пайвандонашонро аз даст доданд?

Заминларзаи шадиде, ки субҳи 6-уми феврал дар қаламрави Туркия ва Сурия ба вуқуъ пайваст, садҳо биноҳои сар ба фалак кашидаро дар як мижа задан ба хоки сиёҳ яксон намуда, ҷони зиёда аз 20 ҳазор инсонро рабуд. 75 ҳазор нафари дигар зери харобаҳои биноҳои валангоршуда монда, захму ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардоштанд.

Ин зилзилаи тақдирсӯз садҳо ҳазор одамонро бехонаву бехонумон ва мотамзада гардонд. Аз ин офати табиӣ касе дар канор намонда, ситораҳои турк низ наздиконашонро аз даст доданд.

Аз ҷумла актёри машҳури турк Орхан Айдин бар асари ин офати табиӣ собиқ ҳамсар ва духтарашро аз даст дод. Зану фарзанди ин ҳунарпешаи маъруф дар Хатай зиндагӣ мекарданд ва дар зери харобаҳо монда, ба сахтӣ ҷон доданд.

Ситораи дигари синамои турк Угур Аслан низ имрӯзҳо мотам дорад. Ин ҳунарманди машҳур дар заминҷунбӣ бародар ва ҷиянҳояшро аз даст додааст. Рӯзи наҳси 6-уми феврал Угур Аслан дар саҳифааш навишт, ки бародараш бо аҳли хонаводааш дар зери вайронаҳои бинои бар асари зилзила фурӯ рафтаи манзилашон мондаанд ва барои наҷоташон кӯмак хост, вале то расидани наҷотдиҳанагон пайвандони ситора дар ҳамон вайрона ҷон доданд.

Ситораи дурахшонтарини синамои Туркия-Пинор Дениз низ бо оби дида аз марги дӯстони наздикаш хабар дода, навиштааст, ки бо айби як тӯда шахсони бемасъулият одамони бегуноҳи зиёде ҷони ширини худро аз даст доданд. Ситора дар ҳаққи қурбониёни ин зилзила дуо карда, аз мухлисонаш хостааст аз парвардигор талаби бахшиши гуноҳони кулли инсониятро намоянд, то ки чунин фоҷиаҳои талх дигар такрор наёбанд.

Ҳунарманди дигари турк Туфон Гёкпинор хабар додааст, ки хушбахтона аз аҳли оилаи ӯ касе дар ин заминларза зарар надид, вале манзилашон ба пуррагӣ ба хоки сиёҳ яксон гаштааст.

Мелиса Асли низ аз зери вайронаҳо мондани бибӣ ва холааш бонги изтироб зада буд. Бибии Мелиса Аслӣ маъюб буда, тамоман ҳаракат карда наметавонист, вале хушбахтона наҷотдиҳандагон тавонистанд ин пиразанро бо духтараш аз зери харобаҳои манзилашон зиндаву саломат берун оранд.

Ҳунарпешаи дигари турк Башак дар ин заминларза хушдоманашро аз даст додааст.

Сабти филмҳои туркӣ манъ карда шуд

Айни замон дар Туркия мотами миллӣ эълон шуда, сабти тамоми сериалҳои туркӣ манъ карда шудааст. Киномотографистон ба таври ихтиёрӣ техникаи дар даст доштаашонро ба кӯмаки осебдидгони ин офати табиӣ равона кардаанд, коргардонҳои маъруфи турк бошанд , ба ҷойи филму сериал шаҳрҳои харобгашта, биноҳои валангор ва рафти ҷустуҷӯву наҷоти одамони ба таври мӯъҷизавӣ дар зери ин харобаҳо зинда мондаро ба навор мегиранд.

Ситораҳо волонтёрӣ мекунанд

Овозхони машҳури турк Холиқ Левент барои кӯмак ба осебдидагони заминларза фонди махсусеро созмон додааст. Дигар ситораҳои турк дар атрофи Левент ҷамъ шуда, имрӯзҳо барои зарардидагони зилзила сару либоси гарм ва маводи ғизоӣ ҷамъоварӣ мекунанд. Аз ҷумла Бурак Дениз, Алп Наврӯз, Биге Онал, Бурҷу Биридҷик, Исмоилоғо Шашмаз, Айтач Шашмаз, Берк Айтач ва Демет Оздемир дар ҷо ба ҷо кардани одамони бар асари зилзила бе хонаву дар ва бехонумон гашта ва расонидани кӯмакҳои башардӯстна ба онҳо ёрӣ медиҳанд. Ба сафи ихтиёриён ситораҳои дигари турк-Арсу Булут, Иброҳим Челиккол ва Ҷалил Налчакан низ пайвастаанд ва ҳамчун волонтёр имрӯзҳо ба осебдидагони зилзила хизмат карда, онҳоро мехӯронанд, мепӯшонанд ва дилбардорӣ мекунанд. Киванг Татлитуғ бозад, ба зарардидагони ин офати табиӣ 200 ҳазор лира хайр кардааст.

Истамбул зери об мемонад?

Зилзилаи шадид дар Туркия на танҳо одамони оддӣ, балки баъзе олимонро низ ба даҳшат овардааст ва имрӯзҳо баъзе коршиносон пешгӯӣ мекунанд, ки ин ҳодиса дар дигар қисматҳои ин сарзамин низ такрор хоҳад ёфт. Аз ҷумла, геологи машҳур Ҷамол Шенгёр эфири Фотеҳ Алтайлӣ ба таври ошкоро гуфтааст: “Яке аз дӯстони геологам ҳамон шаби зилзила ба ман занг зада гуфт, ки чунин заминларзаи сахтро дар умраш бори аввал мебинад. Ман ба ӯ гуфтам, ки ин оғози тӯфон аст. Сабр кун, шаҳри Истамбул ҳам ба наздикӣ несту нобуд мешавад…”

Ин геологи машҳур тахмин мекунад, ки дар байни солҳои 2023-2045 дар Туркия боз як зилзилаи сахт рӯй медиҳад, ки шиддаташ на камтар аз 8 бал хоҳад буд. Ба гуфти Ҷамол Шенгёр бар асари ин зилзила қариб тамоми биноҳои шаҳри Истамбул бо сабаби хеле зебо, вале бесифат сохта шуданашон дар як мижа задан хароб гашта, худи шаҳр дар зери об мемонад.

“Дар атрофи шаҳри Истамбул беш аз 70 обанбор-дамба вуҷуд дорад. Ин бисёр хатарнок аст. Дар сурати сар задани заминларзаи сахт шаҳр ба пуррагӣ зери об мемонад”-гуфтааст ин геологи турк.

Аммо мо дуо мекунем, ки дигар чунин офати табиӣ на танҳо дар Туркия, балки дар ягон гӯшаи олам рӯй надиҳад ва Худованд кулли инсониятро дар паҳонаш нигаҳбон бошаду аз ҳар як хона на садои гиряву мотам, балки фақат садои суруду мусиқӣ ва филмҳои ҷаззоб ба гӯш расад.

Ф. САТТОРӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *