суғурта

Суғурта хоб дидед? Хобатонро ба об гўед!

Дуруд Фазлиддин Асозода!

Парешонӣ дар хоб — муттаҳидӣ дар бедорӣ мегўянд. Таъбири силсилахобҳои парешони шумо низ таъбири ҷамъ омадан дар бедориро дорад. Бовар кунед, ин дурӯғ нест. Ман инро дар мисоли ҷинҳоям тасдиқ карда метавонам. Зеро ҳар вақте шумо хобҳои парешон мебинед, баъди он тамоми ҷинҳои ман аз гўшаву канори олам ҷамъ мешаванд ва ба муколама мепардозанд. Ба қавли бузургони олам, “ҳатто шайтонро ғофилгир мекунанд”. Ҷинҳо ончунон бо ҳам дар бораи хобҳои шумо баҳс мекунанд, ки маро хандаву шайтонро гиря меояд. Лекин бояд эътироф кунам, ки таъбири навбатӣ ба фоидаи шумо анҷом ёфт. Зеро яке аз ҷинҳои ман, ки дар қабати 11-уми осмон қарор дорад ва 18 ҳазору 999 оламро тай намуда, ба Тоҷикистон омадааст, дар хоби шумо пешравиро таъбир кард. Ба қавли ў, “агар инсон қаблан фақат хўрданӣ хоб бинаду якбора ба пўшиданӣ гузарад, ин маънои онро дорад, ки вазъи иқтисодии ў беҳтар шудааст”. Вале чун шумо аз хўрданӣ якбора ба харидани мошин гузаштеду кумурҳои бо пули гарон харидаро ба кўчаҳо партофтед, ин муъҷиза аст, муъҷиза. Ин мисли ҷаҳидан якбора аз якчанд зина ба зинаи дигар аст, ё мисли зинапояҳоро тай накарда, аз як ошёна ба ошёнаи дигар қадам задан аст. Ҳатто инро мисли давраи гузариш якбора аз феодализм ба сотсиализм таъбир карданд. Яъне, чунон тез, ки давраи капиталистӣ пушти сар монд. Ин гувоҳ бар он аст, ки ба наздикӣ шумо бой мешавед. Чунон бой мешавед, ки ҳатто аз ширктаҳои суғуртавӣ пеш мегузаред.

Таъбири харидани мошин ва ба садама дучор шудани онро низ ёфтем, вале мутаассифона, таъбири ҷуброни маблағи суғуртаи мошини ба садама дучоршударо на ман ёфтаму на ҷинҳо. Зеро ширкатҳое, ки суғуртакунии мошинҳоро монополия кардаанд, на дар хоб ва на дар бедориатон маблағи зиёни мошини шуморо ба пуррагӣ ҷуброн намекунанд. То имрўз даҳҳо мошин ба коми дарёву садҳо мошин ба ҷару ҷў фурў рафт ва тамоман корношоям шуд. Оё шумо боре шунидаед, ки ягон ширкати суғуртавӣ зиёни ягон мошинро ба пуррагӣ падохт карда бошад ва ё 49 ҳазор сомоние, ки қонун муқаррар кардааст, барои тамоман корношоям шудани мошин пардохт карда бошад? Албатта нашунидаед ва ман ҳам нашунидаам. Хотиратон ҳаст, ронандаи таксие соли гузашта чанд автобусро зад. Моҳи рамазон буд. Бечора пул надоштааст. Ширкатҳо пули суғуртаашро надоданд ку! Барои бечора мардум пул ҷамъ карданд ва ширкати таксӣ ҷубронашро пардохт кард. Ширкатҳои суғуртавӣ гуфтанд, ки “ба мо муроҷиат накардааст”. О, муроҷиат накарда бошад ҳам, тамоми матбуот навишт ку, магар онҳо огоҳ нашуданд!?

Шумо хоби дидаатонро чунин нақл кардед: “Нав ба фикри сӯзишворӣ фурӯ мерафтам, ки як мошин омада истод. Се нафар аз дохили он берун омаданд ва як марди болобаландаш гуфт:

— Мо аз ширкати суғуртавӣ!

Он сенафара тагу тору паҳлуи мошинҳоро хуб наззора карданд ва хулосаашон ин шуд, ки садама ба ҳолатҳои фавқулода дохил мешавад. Баъди ҳисобу китоб гуфтанд, ки барои таъмири мошини ман кумак мерасонанд. Ба соҳиби мошини дигар, ки бештар зарар дида буд, 49 000 сомонӣ доданд, то мошини нав бихарад”. Ҳатто дар хоб ба ин амал бовар накарда суол мегузоред: “Ин тавр ҳам мешудааст?”.

Ана ин қисмати хобро бояд ба ман не, ба об мегуфтед, то об гирифта бараду ман нафаҳмам. Зеро ҳам хандаи маро овардеду ҳам хандаи ҷинҳоро.

Ба кумур чаққа нашавед. Кумур рамзи сиёҳӣ аст — сиёҳӣ ҳам дар хобу ҳам дар бедорӣ. Кумуре, ки дар бедорӣ намесўзад, дар хоб ҳам намесўзад. Вале таъбираш ҳамин ки, шумо он шаб хунук хўрдаед ва ҳарчанд хостаед гарм шавед, натавонистаед. Чунки баъди ба болои ҳезум рехтани кумур оташ хомўш шуда буд. Дарахтҳо бошанд, ях кардагиянд ва буред ҳам, аланга намешавад.

Хулоса, дар таъбири хоби шумо чанд таъбири дигар ёфтем, аз ҷумла:

А). Мошин дар хоби шумо китоб аст. Тибқи таъбири ҷинҳо бояд ба наздикӣ китоби шумо чоп мешуд, ки шуд. Чун дар хоб аз лағжиши мошин гуфтеду суғуртапулӣ дарёфт кардед, мавзуи китоб ба назари мо бояд ҳаҷвӣ бошад. Зеро лағжиш дар хоб танз аст ва дарёфти чунин як миқдори калони суғуртапулӣ — ин фақат шӯхӣ буда метавонад.

Б). Кумур боз қиматтар мешавад. Аз хокаи сӯхтаву носӯхтааш мардум дар роҳҳо истифода ва барфу яхҳоро об мекунанд.

В). Ях дар хоб лағшиш дар бистар аст. Аз як болин ба болини дигар лағжидаву афтодан мумкин.

Г). Дархтбурӣ: Имсол мева кам ва гарон мешавад, зеро аз хоби шумо маълум, ки бо сабаҳои гуногун теша бар решаи дарахт зада истодаем.

Д). Дар соли оянда наслдиҳӣ кам мешавад. Алҳол Тоҷикистон дар ҷаҳон аз рўи афзоиши аҳолӣ мувофиқи шумораи ҳар сари одам дар ҷои якум аст. Дар оянда ин ҷойро аз даст медиҳад.

Ин воқеан силсилахоб шудааст. Силсилахоби парешон.

Боқӣ вассалом, худро эҳтиёт кунед, бобо!

Таъбиргў: Холиқназар ҶУМЪАЗОДА, экстрасенс

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *