Кай аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион мерасад? Шарҳи вазири адлия

Вазири адлияи Тоҷикистон Музаффар Ашӯриён мегӯяд, ки дар соли 2022 аҳолии Тоҷикистон ба 10 миллион нафар мерасад.

Номбурда гуфт, ки дар 6 моҳи соли ҷорӣ дар Тоҷикистон 111 ҳазору 500 кӯдак таваллуд шудааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6% бештар мебошад.

Ба гуфтаи ӯ, дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ бо афзоиши шумораи таваллуд теъдоди ками фавт ба қайд гирифта шуд. Дар давраи ҳисоботӣ 16,3 ҳазор нафар фавтидаанд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 5% камтар аст. Дар 30 соли охир аҳолии Тоҷикистон аз 5,5 миллион ба 9,8 миллион нафар расид, яъне 1,8 баробар зиёд шуда, дар соли 2022 ба 10 миллион нафар мерасад.

Музаффар Ашӯриён тахмин кард, ки сабаби боло рафтани давомнокии умр дар Тоҷикистон чӣ метавонад бошад.

«Ин аз тамоюли мусбат ба рушди иқтисод, коҳиши маргу мири кӯдакон ва аҳолии қобили меҳнат, коҳишёбии истеъмоли машрубот ва тамоку, муборизаи муваффақона бо бемориҳои дилу раг ва кам шудани куштору худкушӣ вобаста мебошад»,- тазаккур дод вазири адлияи ҶТ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *