Нигаронии Юсуф Раҳмон аз афзоиши ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм

Прокурори генералии Тоҷикистон Юсуф Раҳмон Аҳмадзод аз боло рафтани омори ҷиноятҳои марбут ба терроризму экстремизм изҳори нигаронӣ кард. Номбурда зимни нишасти матбуотӣ ба хабарнигорон гуфт, ки дар нисолаи якуми соли равон беш аз 700 ҷинояти марбут ба экстремизму терроризм ошкор шудааст.

Юсуф Раҳмон, Прокурори генералии Тоҷикистон зикр кард, ки экстремизм ва терроризм аз ҷумлаи хатарҳоеанд, ки торафт дар ҷаҳони муосир вусъат меёбанд ва мубориза бар зидди онҳо яке аз вазифаҳои муҳимтарини мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла прокуратура маҳсуб меёбад.

“Кормандони мақомоти прокуратура ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ дар ин самт корҳои муайянеро ба анҷом расонида, аз ҷониби онҳо дар нимсолаи якум 720 ҷиноятҳои чунин категорияҳо ошкор ва ба қайд гирифта шудаанд. Нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 106 адад зиёд мебошад”,- гуфт вай.

Дар гузашта низ мақомоти Тоҷикистон аз боздошти аъзои ҳаракатҳои экстремистиву террористӣ дар қаламрави кишвар хабар дода буданд.

Бино ба гузоришҳои расмӣ, дар гузашта аъзои ҳаракатҳои экстремистии “Ихвон-ул-муслимин”*, “Ҳизб-ут-Таҳрир”*, созмонҳои терроритии ҷамоати “Ансоруллоҳ”*, “Ҳаракати исломии Ӯзбекитстон”*, “Ал-қоида”* “ДОИШ”* ва ғайра аз сӯйи мақмоти Тоҷикистон боздошт ва зиндонӣ шуда буданд.

Ҳамчунин, Юсуф Раҳмон зикр кард, ки аз рӯи маълумоти оморӣ дар тӯли 5 моҳи соли равон дар ҷумҳурӣ содир намудани ҷиноят коҳиш ёфтааст. Аз моҳи январ то май дар кишвар беш аз 10 ҳазор ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта  11% камтар аст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *