Нахустин гуруҳи зоирони Тоҷикистон ба ватан баргаштанд

Cухангӯи Кумитаи дини Тоҷикистон Афшин Муқим дар “Фейсбук” чанд аксе пахш кардаву аз бозгашти нахустин гуруҳи зоирони Тоҷикистон ба ватан хабар дод.

Ёдовар мешавем, ки имсол аз Тоҷикистон беш аз 3500 нафар тавонистанд барои адои маносики Ҳаҷ ба Арабистони Саудӣ сафар кунанд. Сафари онҳо ба Ҳаҷ 20-уми июн оғоз ёфта, Кумитаи дин гуфта буд, ки аз 17-уми июл бозгашти ҳоҷиёни тоҷик ба Ватан оғоз мегардад.

Бояд гуфт, ки Арабистони Саудӣ солҳои 2020 ва 2021 ба далели пандемияи коронавирус сафари Ҳаҷро барои зоирони хориҷӣ манъ карда буд, вале имсол ба тақрибан як миллион нафар зоири хориҷӣ иҷозати адои маносики Ҳаҷ дод.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *