Камаш монд, иртиботи ҳавоӣ бо Русия барқарор мешавад

Тақдири минбаъадаи барқарорсозии иртибототи ҳавоӣ байни Тоҷикистон ва Русияро роҳбарони мақомоти авиатсионии кишварҳо зимни як видеоконфронс баррасӣ карданд

Барқарорсозии ҳаракати ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистонро директори Агентии Авиатсияи Граждании назди Ҳукумати Тоҷикистон Икром Субҳонзода ва роҳбари Агентии Федералии Нақлиёти Ҳавоии Русия Александр Нерадко баррасӣ карданд, хабар медиҳад хадамоти матбуотии ин ниҳоди Русия.

Ба иттилои манбаъ, мулоқоти онлайнии намояндагони мақомоти ҳавонавардии ҳарду кишвар дирӯз доир гашт.

Манбаъ мегӯяд, масъалаи асосии музокирот азсаргирии парвозҳо байни ду кишвар буда, ҷонибҳо ҳамкориҳоро дар соҳаи нақлиёти ҳавоӣ баланд арзёбӣ кардаанд.

«Мо дурнамои барқарор кардани иртиботи ҳавоӣ байни Русия ва Тоҷикистон, масъалаи ташкили парвозҳои содиротӣ аз ҷониби ширкатҳои ҳавопаймоии Русияу Тоҷикистон ва ҳамкорӣ дар соҳаи истифодаи қобилияти ҳавопаймоҳоро баррасӣ кардем»,- гуфт Агентии федералии нақлиёти ҳавоии Русия.

Гуфта мешавад, ҳоло давлатҳо барои барқарорсозии марҳилаи марҳила аз низоми маҳдудкунии эпидемия ва барқарор кардани ҳаракати ҳавоӣ фаъолона кор мебаранд.

Дар ҷараёни ҷаласа, тартиби додани иҷозатномаҳо барои парвозҳои содиротӣ тасдиқ карда шуда, ғайр аз ин ниҳодҳо барои имзои як созишномаи дуҷониба дар соҳаи парвоз то соли 2021 омодагӣ мегиранд (Спутник)

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *