Канзи шифо: Табобати халқии сабӯсак ва рехтани мӯйи сар

Салом! Ман дар яке аз мактабҳои пойтахт муаллима шуда кор мекунам. Албатта ҳамчун омӯзгор ман бояд ҳамеша тозаву озода ва барои шогирдонам намунаи ибрат бошам. Пештар мӯйҳои зебою марғуладоре доштам, вале намедонам аз чӣ сабаб бошад, ки ним соли охир сарам сабӯсак карда, мӯйҳоям бошиддат мерезанд. Барои халосӣ аз сабӯсак шампуну гелҳои қимматбаҳо мехарам, аммо заррае ҳам сабӯсаки сарам кам нашуда истодааст. Аксар вақт сабӯсаки сарам ба либосҳоям рехта, дар ҷойҳои ҷамъиятӣ худро ноҳинҷор ҳис мекунам. Фикр мекунам, ки атрофиён ҳолу аҳволи сару либосамро дида, маро як зани чалфас ва бетамиз гумон мекунанд. Илтимос, ягон роҳи халосӣ аз сабӯсак ва пешгирии резиши мӯйро бигӯед.

С. Г., шаҳри Душанбе

Посух:

— Дар одамони калонсол резиши мӯй ба тағйироти синнусолӣ вобастагӣ дошта, ин равандро пешгирӣ кардан душвортар аст, аммо ҷавонон метавонанд бо кумаки давоҳои халқӣ соҳиби хирмани мӯй гарданд. Барои он ки табобат самар диҳад, пеш аз ҳама сабаби рехтани мӯйи сарро муайян кардан лозим аст. Аксаран вайроншавии раванди фаъолияти ғадудҳои чарбӣ, тағйироти ҳормонӣ, бемории ғадуди сипаршакл, кор бо доруҳои кимиёвӣ, стресс, асабоният ва ҳамчунин шуои ренгенӣ (ҳангоми муоличаи касалии саратон) боиси рехтани мӯйи сар мегардад. Барои он ки мӯйҳо дубора бароянд, сарчашмаи резиши мӯйро ёфта, онро табобат кардан лозим аст, то ки мӯйҳо аз нав рушд кунанд. Дар бораи сабӯсак бошад, ҳаминро гуфтаниям, ки аслан сабӯсак ҳуҷайраҳои мурдаи пӯсти сар аст, ки аз ҳуҷайраҳои зинда ҷудо шуда, дар шакли сабӯс берун меоянд ва мерезанд. Сабаби пайдоиши сабӯсак асосан вайроншавии фаъолияти ғадудҳои чарбӣ мебошад, ки ба илтиҳоби пӯст вобастагӣ дорад.

Чанд даворо ба шахсони бо мушкили сабӯсак ва резиши мӯй рӯ ба рӯ гашта тавсия медиҳем, ки дар муддати кӯтоҳ мушкили онҳоро ҳал карда метавонад.

Нусхаи аввал

Барои аз байн бурдани сабӯсаки сар ҳамагӣ 15 грамм гули лаванда ва як шиша, яъне тахминан 100 грам спирти 95% лозим аст. Лавандаро дар зарфе гирифта, аз болояш 100 грамм спиртро мерезед ва даҳонашро маҳкам карда, муддати 15 рӯз дар ҷойи торик нигоҳ медоред. Вақте ки даво тайёр шуд, онро ҳар рӯз як маротиба ба решаҳои мӯй мемолед. Хубиаш дар он аст, ки ин даво дар баробари сабӯсакро ба зудӣ нест карданаш ҳамчунин бӯйи бисёр форам дорад ва ҷойи атрро гирифта метавонад.

Давои дигар

Қариб дар ҳар як хона гули алоэ ёфт мешавад. Барои табобати мӯйи сар ба шумо гули алоэи 3-5-сола лозим аст. Онро аз мошинаи гӯштқиммакунак гузаронида, шарбат, яъне обашро аз дока полонед. Шарбати алоэро бо шароби ангурӣ нағзакак омехта карда, ҳар рӯз ба решаҳои мӯятон молед, сабӯсакро нест мекунад ва ҳамзамон барои аз нав рушд кардани мӯйи саратон ёрӣ мерасонад.

Боз як давои муъҷизавӣ

Барои пешгирии резиши мӯй пиёз низ бисёр муфид аст. Як мушт пӯсти пиёзро дар 600 грамм об то нисф шуданаш ҷӯшонед, сипас оташро хомӯш кунед ва монед хунук шавад. Бегоҳӣ, пеш аз хоб ин обро ба саратон молед ва каме маҳс кунед. Ин даво рехтани мӯйи сарро хеле хуб пешгирӣ намуда, ҳамчунин сабӯсакро ба зудӣ нест мекунад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *