шиноснома

Хатлон: ба 1118 саг шиноснома дода шуд

Дар шаш моҳи соли 2023-юм 1 ҳазору 118 саг бо шиносномаи фардии ҳайвонот таъмин шудааст. Гирифтани шиноснома барои саг сол то сол бештар мешавад.

Эраҷ Рауфзода, сардори Раёсати кумитаи бехатарии озуқаворӣ дар вилояти Хатлон имрӯз, 28-уми июл дар нишасти хабарӣ гуфт, ки дар шаш моҳи соли гузашта ҳамагӣ 763 саг бо шиноснома таъмин шуда буду халос. Ӯ афзуд, ки имсол бошад, ин шумора ба 1 ҳазору 118 шиноснома расид.

«Вақте ки саг шиноснома карда мешавад, аз касалии ҳорӣ эмин буда, барои ҷомеа ҳам бехатар мешавад. Сатҳи огоҳии мардум хеле боло рафтааст ва шумораи онҳо барои гирифтани шиноснома сол то сол зиёд мешавад. Қимати як шиноснома барои саг 6 сомониву 60 дирам аст»,- гуфт ӯ.

Эраҷ Рауфзода таъкид кард, ки “бо шиносномае, ки идораи мо дар маҳал додааст, шаҳрванд сагро ба хориҷи кишвар бурда наметавонад. Шиносномаи хориҷиро Кумитаи бехатарии озуқавории Ҷумҳурии Тоҷикистон дода метавонад”.

Ҳамчунин, дар шаш моҳи соли ҷорӣ 1 ҳазору 187 саги дайдуву бесоҳиб безарар карда шудааст.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *