Леонел Месси

Голи ғалабаовари Месси

Лео Месси, футболбози 36-солаи аргентинӣ, ки ин мавсим ба бошгоҳи “Интер Майами” гузариш кард, ҳафтаи гузашта аввалин маротиба бо пироҳани дастаи наваш ба майдон баромад.

Месси на танҳо ба майдон баромад, балки барои дастааш голи ғалабаоварро ҳам дар дақиқаҳои охири бозӣ тариқи зарбаи ҷаримавӣ ба нишон расонид, ки қаҳрамони шом гардид.

Бозӣ то дақиқаҳои охир як бар як буд ва танҳо Месси тавонист, ки ғалабаи дастаашро таъмин созад. 

Лаҳзаи гол задани Мессиро дар саҳифаи расмии бошгоҳ дар чанд соати аввал 20 миллион нафар дидаанд, ки шумораи хеле калон маҳсуб меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *