Ал-Ариқӣ ба унвони Президенти Тоҷикистон даъватнома тақдим кард

Дирӯз, 27-уми июли соли 2023 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин сафири Амороти Муттаҳидаи Араб дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо иқоматгоҳ дар Остона) Муҳаммад Саид Муҳамад Ал-Ариқиро ба ҳузур пазируфтааст.

Бино ба иттилои ВКХ, дар ибтидо Ал-Ариқӣ даъвтаномаи расмии Президенти АМА Шайх Муҳаммад ибни Зоид Оли Наҳёнро ба унвони Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар Нишасти 28-уми СММ оид ба тағйирёбии иқлим (COP-28), ки аз 30-юми ноябр то 12-уми декабри соли 2023 дар шаҳри Дубай баргузор хоҳад шуд, тақдим намудааст.

Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити ду кишвари дӯстро дар ҳамаи арсаҳо мавриди баррасӣ қарор додаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *