“Абдурозиқ”-и нав дар ютубканали Наимҷони Сайдалӣ

Дар ютубканали “Sherdil_Naimjon”, ки мутааллиқ ба овозхони шинохта Наимҷони Сайдалӣ аст, аввалин суруди блогери тоҷик Ҳоҷӣ Иброҳим нашр шуд.

Ҳоҷӣ Иброҳим монанди блогери маъруфи тоҷик Абдурозиқ ҷисман хурд аст ва махсус бо ин нишонаи фарқкунандааш миёни мардум дар муддати кӯтоҳ шинохта шуд.

Ӯ пас аз пош хӯрдани ҳамкорӣ миёни Барон ва Абдурозиқ пайдо шуд ва то ҳол фаъолияти блогерӣ дошт, аммо тавре шоҳид гаштем, ба сурудхонӣ ҳам пардохтааст.

Ҳоҷӣ Иброҳим суруди машҳури “Султони қалбам”-ро бозхонӣ кардааст. Дида мешавад, ки дар барномаи консертии Наимҷони Сайдалӣ ва Шердил аст. Ӯро мардум хуб қабул карда, сурат мегиранд ва каф мекӯбанд. Масъулини ютубканали “Sherdil_Naimjon” барои ҷалби диққат навори таронахонии Ҳоҷӣ Иброҳимро “Абдурозиқи нав пайдо шуд дар Тоҷикистон” ном кардаанд. Албатта, агар чунин ном гузоштан аз як ҷониб барои бештар ба даст овардани тамошобин бошад, аз ҷониби дигар ишора ба он аст, ки Ҳоҷӣ Иброҳим ҳам монанди Абдурозиқи дар дунё машҳур акнун ба овозхонӣ майл кард ва роҳи дигари шинохта шуданро месанҷад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *