Аксияи «Ҳамроҳ бар зидди савдои одамон» дар Душанбе

Бахшида ба Рӯзи байналмилалии муқовимат ба савдои одамон, ки ҳамасола 30-юми июл таҷлил мегардад, дар пойтахти мамлакат чорабиниҳои гуногун, аз қабили суҳбат-вохӯриҳо бо сокинон, аксияҳо ва тадбирҳои дигари маърифатӣ гузаронида мешаванд.

Бино ба иттилои “ТВ Душанбе”, бо ин мақсад дар бозори “Меҳргон” ва Маркази савдои “Душанбе Мол” низ вобаста ба ин сана иқдоми иттилоотонӣ гузаронида шудааст.

— Дар асоси Қарори Раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тасдиқи Нақша-чорабиниҳои МИҲД-и шаҳри Душанбе оид ба муқовимат ба савдои одамон барои солҳои 2022-2024», ки аз 6-уми апрели соли 2022 амалӣ шуда истодааст ва дар доираи Рӯзи байналмилалии муқовимат ба савдои одамон МД «Маркази худшиносии бонувон»-и МИҲД-и шаҳри Душанбе як қатор чорабиниҳоро баргузор карда истодааст. Вохӯриҳо бо сокинон, мизҳои мудаввар, аксияҳо дар ҷойҳои ҷамъиятии похтахт аз қабили чунин чорабиниҳоянд. Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи огоҳии ҷомеа нисбат ба савдои одамон ва ҳифзи ҳуқуқии онҳо кормандони МД “Маркази худшиносии бонувон” дар якҷоягӣ бо волонтёрон дар бозори “Меҳргон” ва Маркази савдои “Душанбе Молл-Ашан” аксия гузарониданд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *