Канзи шифо: Вақте ки кӯдак дандон мебарорад…

Ба тифл чӣ гуна метавон ёрӣ расонд?

Дандон баровардани тифл на танҳо барои худи кӯдак, балки барои волидон, махсусан барои модар санҷиши ҳақиқист, чунки кӯдакон давраи дандонбарориро хеле дарднок ва душвор аз сар мегузаронанд. Дар ин давра чӣ гуна ба тифл ёрӣ расонидан мумкин аст?

Чаро кӯдак инҷиқӣ мекунад?

Тавре ки дар оғоз гуфтем, ҷараёни баромадани дандонҳои нахустини кӯдакон хеле дарднок буда, бар замми ин, хориши вораҳои дандон тифлро безобита месозад. Аз ҳамин сабаб дар давраи дандонбарорӣ кӯдак бисёр инҷиқ ва гирёнчак шуда, шабҳо хоб намеравад, шир хӯрдан намехоҳад, рӯяшро бо дастаконаш канда, ғаш мекунад. Албатта ин ҳолати кӯдак ба модар низ таъсир мерасонад, зеро аз як тараф пайваста ғаш карда гиристани тифл, аз ҷониби дигар бехобӣ касро хаста намуда, асабро вайрон мекунад. Барои он ки ҳам кӯдак ва ҳам модар камтар азоб кашанд, модар бояд дар бораи нозукиҳои давраи дандонбарории тифл маълумоти кофӣ дошта бошад. 

Кӯдак дар чандмоҳагӣ дандон мебарорад?

Пеш аз ҳама модар бояд донад, ки ҷараёни дандонбарории кӯдак аз чандмоҳагӣ сар мешавад ва ба он омода бошад.

Тавре ки табибони кӯдакона мегӯянд, баромадани дандонҳои ширии тифл ба он вобаста аст, ки ҷисми кӯдак то кадом андоза бақувват аст. Маъмулан тифлакон дар 5-7 моҳагӣ ба дандонбарорӣ сар мекунанд, вале баъзе кӯдакон барвақттар дар 2-4 моҳагӣ дандон мебароранд. Тифлаконе низ ҳастанд, ки баъди яксолагӣ ба дандонбарорӣ сар мекунанд. Ҷараёни дандонбарорӣ ба ҷинсияти кӯдак ягон алоқамандӣ надорад, духтарчаҳо ва писарчаҳо ин давраро қариб як хел, бо инҷиқӣ ва бехобию ғаш кардан пушти сар мекунанд. 

Дандонбарорӣ чи қадар давом мекунад?

Давраи дандонбарорӣ то 2, 5-3солагии кӯдак идома меёбад, вале бояд тазаккур дод, ки баъди баровардани дандонҳои нахустин ҳоли тифл нисбатан беҳтар шуда, дар баровардани дандонҳои минбаъдааш чандон азоб намекашад. Аввал дандонҳои поёнӣ аз даруни гӯшт намоён мешаванд. Давраи аз ҳама душвор барои тифлакон маҳз ана ҳамин давра аст. Пас аз он ки дандончаҳои кӯдак аз даруни гӯшт берун шуданд, дард ва хориши вораҳои дандон камтар шуда, кӯдак бемалол шир хӯрда метавонад ва асабонияташ низ камтар шуда, ором мешавад. Дандонҳои болоӣ баъди 2-3 моҳ, яъне тахминан дар 8-9 моҳагии кӯдак мебароянд. Кӯдаконе, ки аз 4-6 моҳагӣ ба дандонбарорӣ сар кардаанд, дандонҳои шикории худро дар синни якуним-дусолагӣ мебароранд. Дандонҳои курсӣ баъди яксолагӣ ба баромадан сар мекунанд, вале бояд таъкид кард, ки баровардани дандони курсӣ нисбат ба дигар дандонҳо душвортар аст. 

Нишонаҳои дандонбарории кӯдак

Иддае аз тифлакон ба осонӣ дандон мебароранд ва модар ҳатто чӣ тавр баромадани дандони тифлакашро нафаҳмида мемонад, вале бештари кӯдакон дар баровардани дандонҳои аввалини худ хеле азоб кашида, ҳатто таб мекардагӣ мешаванд. Нишонаҳои аввалини дандон баровардани тифл якбора инҷиқ шудани кӯдак, чочакро хоидан, нооромӣ ҳангоми ширхӯрӣ ва ғаш карда гиристан мебошанд. Кӯдакони синамак дар ин давра пистони модарро газида, тифлаконе, ки шири сунъӣ мехӯранд, дар макидани чочаке, ки аз он шир мехӯранд, душворӣ мекашанд, зеро вораҳо варам карда, дард мекунанд. 

Чӣ бояд кард?

Сабаби асосии нооромии тифлакро фақат духтур муайян карда метавонад, бинобар ин, дар ҳолати баланд шудани ҳарорати бадан, яъне таб кардан, беҳолӣ, нооромии зиёд ва пайдо шудани нишонаҳои бемориҳои инфексионӣ аз қабили дилбеҳузурию дарунравӣ кӯдакро ҳатман ба назди табиби кӯдакона-педиатр баред. Табиб ташхисҳои заруриро анҷом медиҳад, агар кӯдак ба ягон бемории дигар гирифтор набошад ва нишонаҳое, ки зикр кардем, аз сабаби дандонбарорӣ сар зада бошанд, барои осонтар шудани раванди баромадани дандонҳо ба тифлак гел ва доруҳои махсус мефармояд. 

Таби кӯдакро фарорем ё не?

Аксари кӯдакон вақти дандонбарорӣ таб мекунанд ва дарунрав мешаванд. Табби кӯдак аз 38-38, 5 баланд шавад ё нишонаҳои дигари бад шудани ҳолати тифл, аз қабили беҳолӣ ва суст шудани дасту пойи кӯдак ба назар расанд, ҳатман барои паст кардани ҳарорати бадан ба кӯдак Пардифен ё ягон доруи дигари пасткунандаи ҳарорат додан лозим аст. Дору обакӣ-сироп бошад, беҳтар аст, зеро фурӯ бурдани давои моеъ барои тифл осонтар мешавад. 

Эҳтиёт — ними ҳаёти тифл

Дар давраи дандонбарорӣ ба кӯдак диққати махсус додан лозим аст, чунки бо сабаби хориш кардани вораҳои дандон тифлак ҳар чизи аз пешаш баромадаро ба даҳонаш бурдан мегирад. Табиист, ки бо ҳар ашёе, ки кӯдак ба даҳонаш мебарад, инфексияи зиёде вориди ҷисмаш гашта метавонад. Дандонбарорӣ ба сари худ раванди душвор буда, қувваи муҳофизатии организми кӯдак бар асари он хеле суст мешавад, бинобар ин, дар ин давра модарон бояд эҳтиёткор бошанд, то ки тифл боз ба ягон бемории дигар гирифтор нашавад. 

Дандонбарорӣ аз дигар касалиҳо чӣ фарқ дорад?

Тавре ки гуфтем, дар давраи дандонбарорӣ дар кӯдакон нишонаҳои бемориҳои дигар аз ҷумла нишонаҳои шамолкашӣ ва бемориҳои инфексионӣ аз қабили дилбеҳузурӣ, дарунрав, сулфа ва баланд шудани таб пайдо шуда метавонанд. Фарқият дар он аст, ки дар ҳолати дандонбарорӣ табби кӯдак кам андар кам то 38-38, 5 баланд мешавад. Ҳангоми баромадани дандонҳои болоӣ баъзан оби бинии тифлак мешорад, вале он сафедчатоб буда, кӯдак сулфа намекунад. Ҳангоми дардонбарорӣ кӯдак кам-кам таб карда, бисёр гиря кунад ҳам, ҳолати умумиаш хуб ва ба қавле ҳушёрак аст. Дар сурати сусту бемадор шудани кӯдак ҳатман ба духтур муроҷиат кардан лозим аст. Дилбеҳузурӣ ҳангоми дандонбарорӣ дар кӯдакон гоҳ-гоҳ пайдо шуда, дарунрав шавад ҳам, ахлоташ хунолуд, бадбӯй ва пардадор нест. 

Ба кӯдак чӣ гуна ёрӣ расондан мумкин аст?

Барои камтар кардани дард ва хориши вораҳои дандон дар баробари доруҳое, ки табиби кӯдакона мефармояд, ба вораҳои кӯдак гели махсус молидан лозим аст. Гелро танҳо бо иҷозати духтури кӯдакона харида, ба вораҳои тифлак тунук молидан лозим аст, то ки аллергия надиҳад. Табибон тавсия медиҳанд, ки ба кӯдак бозичаҳои махсусеро, ки (пустышки, прорезыватели) барои паст кардани ҳиссиёти хориш пешбинӣ шудаанд, диҳед. Маҳси вораҳо бо роҳи кашидани матои пахтагин ба ангушт ва ё шёткаи мулоим низ барои кам кардани хориши вораҳо кӯмак карда метавонад, аммо роҳи беҳтарини ёрӣ расонидан ба фарзанди худ ба оғӯш гирифта, меҳрубонӣ кардан аст. Сари тифлакро ба кундаи синаатон монда, ҳарчӣ бештар суханони меҳрубонона гӯед, бӯса кунед ва навозиш намоед. Кӯдак дар оғӯши волидон, махсусан дар оғӯши гарму пурмеҳри модар худро дар амон эҳсос намуда, дардаш кам мешавад ва оромиш меёбад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *