ДДХ дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ба сегонаи беҳтарин шомил шуд

Дирӯз, 17-уми майи соли 2023 дар шаҳри Душанбе даври ҷумҳуриявии олимпиадаи фаннӣ миёни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар ҷамъбаст гардид.

Иттилоъ дода шуд, ки дар даври ҷумҳуриявии олимпиада зиёда аз 400 нафар донишҷӯ аз 39 муассисаи таҳсилоти олии касбӣ иштирок намуда, аз рӯйи 14 фанни таълимӣ байни ҳам сабқат намудаанд. Дар натиҷа, 36 нафар сазовори ҷойҳои 1-ум, 2-юм ва 3-юм гардида, ба 4 нафар иштирокчии фаъол “Ифтихорнома”-и Вазорати моариф ва илм тақдим гардидааст.

Бино ба иттилои маркази иттилоот ва таҳлили Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров, дар ин сабқати илмӣ дар бахши фанҳои табиию риёзӣ донишҷӯйи факултети геоэкология ва туризм Насимхонзода Маҳфуза ҷойи якум (таҳти роҳбарии дотсентон Турдиев Турдибой ва Саидова Дилором) ва донишҷӯйи факултети математикаи донишгоҳи мазкур Фозилов Умедҷон ҷойи дуюмро (роҳбар номзади илмҳои математика Ҷумаев Бӯстонбек) ишғол намудаанд.

Ҳамзамон, аз рӯйи натиҷаҳои даставӣ дар бахши фанҳои табиию риёзӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи Бобоҷон Ғафуров сазовори ҷойи сеюм гардида, бо “Ифтихорнома” ва туҳфаҳои хотиравии Вазорати маориф ва илм сарфароз гардонида шудааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *