Кэтрин Рассел ба Тоҷикистон меояд

 Намояндаи доимии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид Ҷонибек Ҳикмат бо мудири иҷроияи Хазинаи кӯдакони Созмони Милали Муттаҳид (ЮНИСЕФ) Кэтрин Рассел мулоқот кард.

Гуфта мешавад, 28 январ зимни мулоқот ҷонибҳо аҳамияти таҳкими шарикиро барои ҳалли масъалаҳои мубраме, ки ба кӯдакон дар саросари ҷаҳон таъсир мерасонанд, таъкид карданд.

Ҳамчунин, сафари  расмии директори иҷроияи ЮНИСЕФ ба Тоҷикистон ва  иштироки мавсуф дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо, ки дар Тоҷикистон баргузор мешавад, баррасӣ шудааст.

Ёдовар мешавем, ки конфронси байналмилалӣ оид ба ҳифзи пиряхҳо аз 29 май то 1 июни соли 2025 дар Душанбе дар чаҳорчӯби Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо-2025 баргузор мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *



preload imagepreload image