Кинофестивали байналмилалии «Навсоз  2017», бо 13 филм ва ба хшида ба Ҳошим Гадо

Аз 16 то 20-уми сентябри соли равон дар шаҳри Душанбе  2 -юмин кинофестивали байналмилалии филмҳои кӯтоҳ — «Навсоз — Душанбе 2017» — бахшида ба 80-солагии Ҳунарманди мардумии иттиҳоди Шӯравӣ дорандаи Ордени “Ситораи президентӣ”- профессор Ҳошим Гадоев ва “Соли ҷавонон” баргузор мегардад. Дар ин бора ба tajikistantimes.tj  арт – директории кинофестивал Муҳибназар Холназаров хабар дод.

Ба иттилоъи Холназаров соли равон барои ширкат варзидан дар кинофестивал 45 филм аз дохил ва хориҷи кишвар пешниҳод гардида аз ҷониби ҳайати мушовараи ҷашнвора танҳо 13 тои он барои намоиш пешниҳод гардиданд.

Рӯйхати филмҳое, ки дар конфестивали «Навсоз – Душанбе 2017» ба намоиш гузошта мешаванд:

  1. Тоҷикистон – «Писарак», коргардонҳо: Пайрав Шарифов, Тахмина Муминова, Далери Имомалӣ;
  2. Тоҷикистон — «Ситуация», коргардон: Диловар Султонов;
  3. Қазоқистон – «Сэм», коргардон: Ребинский Константин;
  4. Қирғизистон — «Подснежник», коргардон:  Нурсултан Станалиев;
  5. Ӯзбекистон – «Они нас не поймут», коргардон: Шокир Халиқов;
  6. Русия – «Возвращение Эркина», коргардон: Мария Гускова;
  7. Эрон – «Буриш», коргардон: Фарзона Аминӣ;
  8. Афғонистон – «Террорист», коргардон: Саид Аҳмад Зиё;
  9. Ҷумҳурии Мисри Араб – «Wintry Spring», коргардон: Mуҳаммад Камол.

Ҳамчунин дар доири ин кинфестивал озмуни ҷумҳуриявии филмҳои бадеии ватанӣ баргузор мегардад, ки дар он филмҳои зерин роҳ ёфтаанд:

  1. «Пианист», коргардон: Марҷона Азизова, Умарали Аслахов, Нилгуна Баҳромзода;
  2. «Бегона» — коргардон: Раҳима Ғаибова;
  3. «Бозӣ» — коргардон: Марҷона Азизова;
  4. «Оҳи пурдард» — коргардон: Комилҷон Камолов;

Ҳамчунин, ба иттилоъи Муҳибназар Холназаров дар фестивал чандин филми ғайриозмунӣ низ нишон ба намоиш гузошта мешавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *