Ғуломов: Ман ба шумо нафрат дорам

Суди  олии низомӣ (трибунал)-и Узбекистон рӯзи 10 август собиқ муовини аввали раиси Хадамоти амнияти миллӣ генерал Шӯҳрат Ғуломовро ба ҳабси умрбод маҳкум карда, аз ӯ баргардондани 1,5 миллиард доллар зарари ба давлат расондаашро талаб кард.

Генерал Ғуломов дар сухани охиринаш танҳо як ҷумла гуфт: «Ман ба ҳамаи шумо нафрат дорам!”

Сомонаи Ҳаракати халқии Узбекистон, як созмони мухолифи ҳукумат хабар дод, ки Суди олии низомӣ рӯзи 10 август генерал Шӯҳрат Ғуломов – собиқ муовини якуми раиси Хадамоти амнияти миллии ин кишварро ба ҳабси абад маҳкум кард. Генерал Ғуломов ҳамчунин бо ҳукми суд муваззаф шудааст, ки якуним миллиард доллар зарари расондааш ба хазинаи давлатро барқарор кунад.

Муаллифи мақола Усмон Ҳақназаров бо такя ба манобеаш навишт, ки суд Шӯҳрат Ғуломовро дар шустушӯи пулҳои ғайриқонунӣ ва ба хориҷи кишвар баровардани садҳо миллион доллар гунаҳкор шинохт. Баъди эълони ҳукми ҳабси абад, вақте ба Шӯҳрат Ғуломов имкон доданд, ки сухани охиринашро бигӯяд, ӯ танҳо як ҷумла гуфтааст ки: «Ман ба ҳамаи шумо нафрат дорам!”

Ба гуфтаи суд, генерал Ғуломов дар берун бурдани маблағҳои бузург аз Узбекистон аз хидмати раҳбари собиқи дафтари Интерпол дар Тошканд Юрий Савинков истифода мебурд. Ин афсари мустаъфӣ, ки ҳоло дар Дубай ба сар мебарад, ба ҳамкасби собиқаш дар кушодани ҳисобҳо дар бонкҳои ғарбб ва интиқоли пул кумак кардааст.

Номи Юрий Савинков дар моҷарои атрофи Гулнора Каримова – духтари калонии президенти қаблии Узбекистон Ислом Каримов низ зиёд садо медод. Гулнора Каримова дар мусоҳибаҳояш Савинковро ба фасод айбдор мекард.

Усмон Ҳақназаров менависад, Юрий Савинков дар тиҷорати силоҳи Шӯҳрат Ғуломов низ ҳамдастӣ мекард ва ҳамчунин аз ҳисобҳои бонкии ин генерал пули омилони сӯиқасдҳо ба ҷони дигарандешони узбек дар кишварҳои ғарбиро пардохт мекард.

Бино ба гузориши Ҳақназаров, гӯё дар додгоҳ дар бораи чанд мавриди ҳамкории Шӯҳрат Ғуломов бо яке аз раҳбарони олами ҷиноии Узбекистон Ғафур Раҳимов, мулаққаб ба Ғафур-бойбача низ сухан рафта, аз ҷумла гуфта шудааст, ки генерал Ғуломов дар таъмини амнияти қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон ба Аврупо ба Ғафур-бойбача кӯмак мекард.
Шӯҳрат Ғуломов дар даврони президентии Ислом Каримов аз нуфузи фавқулоддае дар Хадамоти амнияти миллӣ ва ба сурати умум дар Узбекистон бархӯрдор буд. Ислом Каримов дар соли 2007 ба Ғуломов, ки раҳбарии идораи амнияти вилояти Сурхондарёро ба дӯш дошт, барои саҳмаш дар фурӯ нишондани ошӯбҳои Андиҷон унвони Қаҳрамони Узбекистонро дод ва ӯро ба Тошканд оварда, ба мақоми муовини якуми раиси Хадамоти амнияти миллӣ нишонд.

Генерал Ғуломов дар даврони Каримов аз ҷумлаи чанд нафари ангуштшуморе буд, ки дастрасии мустақим ба президентро доштанд. Ӯ аз рӯи ихтисос шарқшинос буда, аз мутахассисони асосӣ дар умури Афғонистону Тоҷикистон ба шумор меомад.

Аммо баъди даргузашти Ислом Каримов дар соли гузашта Шӯҳрат Ғуломов дар ҷумлаи онҳое қарор гирифт, ки раисиҷумҳури ҷадид Шавкат Мирзиёев ба танг кардани онҳо аз саҳна пардохт. Моҳи январи соли ҷорӣ Шӯҳрат Ғуломовро аз Тошканд ба вилояти Сурхондарё «бадарға” карданд ва баъди чанде ӯ боздошт шуд.

Шӯҳрат Ғуломов гӯё чунин оқибати корашро медонист, чунки билофосила баъди даргузашти Каримов чанде аз аъзои хонаводаашро ба Амрико фиристод. Зимнан бародари ӯ Бахтиёр Ғуломов то ҳол дар мақоми сафири Узбекистон дар Амрико кор мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *