Лигаи якум. Бохти нахустини «Ваҳдат»

Дастаи «Ваҳдат»-и Ваҳдат, ки аз оғози мусобиқаи футбол миёни дастаҳои лигаи якуми мамлакат бидуни шикаст зинаи якумро аз худ кардааст, дар бозии даври 13-ум талхии бохтро чашид.
Ин воқеаи барои ваҳдатиҳо ногувор дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров рух дод. Дастаи ноҳияи мазкур «Парвоз» тавонист, ки ба дарвозаи меҳмоно ду голи беҷавоб занад.
Аз ноомадии кори пешсаф дастаҳои «Сомон»-и Данғара ва «Кӯктош»-и Рӯдакӣистифода бурда, ба пешсаф наздик шуданд. Агар «Сомон» дар майдони худ «Равшан» –и Кӯлобро бо ҳисоби бузурги 7:0 шикаста бошад, «Кӯктош» дар сафар «Эсхата» –и Хуҷандро бо ҳисоби 0:3 мағлуб сохт.
Вохӯриҳои дигари давр чунин натиҷа оварданд:
«Маҳаллаи 83» – «Локомотив-Памир» – 3:2, «Ҳулбук» – «Зарафшон» – 1:1, «Зарбдор» – «Саройкамар» – 1:0.
Нишонзанҳои беҳтарин: Ҷастис Агией Канкам («Маҳаллаи 83»), Меҳроҷиддин Музаффаров («Ваҳдат»/«Кӯктош») – 14-голӣ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *