Кишварҳои ИДМ алоқаро дар Душанбе баррасӣ карданд

 Ҷаласаи сохторҳои қудратии кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти алоқа дар Кохи афсарони Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майор Эмомалӣ Собирзода зикр намуд, ки «дар ҷаҳони имрўз алоқа яке аз воситаҳои асосии пешбарандаи ҷомеа маҳсуб ёфта, дар Қувваҳои мусаллаҳ низ нақши муҳиму арзанда мебозад».
Миёни иштирокчиёни ҷамъомад табодули иттилооту таҷриба, омўзиши малакаву маҳорати касбӣ, густариши ҳамкорӣ мувофиқ ба талаботи ҷаҳони муосир ва дигар масъалаҳои марбут ба соҳаи алоқаи ҳозиразамон мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
«Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати мувофиқгардонии алоқа бо ҷаҳони муосир дар тамоми сохторҳои таркибии хеш пайваста тадбирҳои зарурӣ роҳандозӣ менамояд»,-хабар дод манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *