Мағозаҳоро дигар ба номи фарзандон номгузори накунед!

Ба соҳибкорон ва соҳибони мағозаву нуқтаҳои фурӯш дар Душанбе тавсия дода мешавад, ки нуқтаҳои тиҷоратии худро ба номи фарзандону набераҳо нагузоранд ва онҳоро «худпараст» накунанд.

Барои ба танзим даровардани номи корхонаву, муассиса ва ширкату мағозаҳо дар Душанбе ахиран як комиссияи махсус таъсис ёфтааст. Яке аз пешниҳодҳои ин комиссия ҳам, ки ҳадаф дорад фарҳанги дурусти номгузориро миёни соҳибкорон тарғиб кунад, истифода набурдан аз номи фарзандон ҳангоми номгузории муассиса ё ширкатҳо аст. Ин тавсия ҳам аслан аз ҷонибинамояндагони Кумитаи забон ва истилоҳот ба комиссия пешниҳод шудааст.

Абдураҳими Зулфониён, як масъули ин кумита бо таваҷҷӯҳ ба афзоиши нуқтаҳое, ки дар шаҳр ба номи кӯдакону наврасон гузошта шудааст, мегӯяд, дар фарҳанги номгузорӣ дар Тоҷикистон як хислати худнамоишӣ ва худпарастӣ ба миён омадааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *