развод

Коҳишёбии талоқ дар вилояти Хатлон

Дар шаш моҳи соли 2023 дар вилояти Хатлон 1 ҳазору 387 ақди никоҳ бекор шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин давраи соли 2022 ҷудошавии оилаҳо ба 1 ҳазору 891 ҳолат расида буд.

Бунафша Раҳимзода, сардори Шуъбаи сабти асноди ҳолати шаҳрвандии Раёсати адлияи вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки дар шаш моҳи соли ҷорӣ ҷудошавии оилаҳо хеле кам шудааст. Ӯ мегӯяд, ки имсол назар ба шаш моҳи соли гузашта 504 ҳолат кам аст.

“Вале дар шаш моҳи соли 2023 сабти никоҳ ба 12 ҳазору 940 ҳолат расидааст, ки 935 сабт нисбат ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд мебошад. Мутаассифона, дар ин давра дар ноҳияҳои Қубодиён, Дӯстӣ ва Носири Хусрав ҷудошавии оилаҳо зиёд шудааст”,- зикр намуд ӯ.

Бунафша Раҳимзода афзуд, ки аз ҷамъи умумии бекоршавии ақди никоҳ 1 ҳазору 26 оила бо ҳалномаи суд, 337 ҳолат бо розигии ҳамсароне, ки фарзанди ноболиғ надоранд ва боқимонда бо аризаи яке аз ҳамсарон аз ҳам ҷудо шудаанд.

Мутаассифона, аз ҳисоби бекор шудани 1 ҳазору 387 сабти никоҳ феълан 1 ҳазору 372 кӯдак дар тарбияи яке аз волидон мебошанд. Аз ҷамъи умумии кӯдакон 1 ҳазору 359 кӯдак дар тарбияи модар ва 13 кӯдак дар тарбияи падар мебошанд.

Машраби АЛОВИДДИН

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *