Ҳушдори КҲФ: Хатари омадани селҳо боқӣ мемонад

Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба маълумоти Агентии ҳавошиносии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки рӯзҳои 14-17-уми июли соли ҷорӣ дар ҳудуди вилоятҳои Хатлон, Суғд, ҳамчунин ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ бар асари шиддати шамол аз самти ҷанубу ғарб (бо суръати 20-25 м/с) ва рӯзҳои 15-17-уми июл дар як қатор ноҳияҳои ғарбии ВМКБ ҳавои пурчангу ғубор дар назар дошта шудааст.

Дар шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои ҷанубӣ ва марказии вилояти Хатлон, ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ, навоҳии шимолии вилояти Суғд ва ноҳияҳои ҷанубу шарқии ВМКБ олудагии ҳаво аз ҳисоби зарраҳои чанг ба андозаи 10 мкр (Рм-10) ва 2,5 мкр (Рм-2,5) хоҳад буд.

Рӯзҳои 13-14-уми июл дар як қатор ноҳияҳои ВМКБ, вилояти Суғд ва навоҳии тобеи ҷумҳурӣ хатари селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумита такроран ба аҳолӣ муроҷиат кардааст, ки чораҳои эҳтиётиро риоя намоянд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *