Дар шумораи №28-и ҳафтаномаи “Оила” матолиби ҷолибро мутолиа намоед!

Зери рубрикаи “Навиштам номае” номаҳои кӯтоҳи хонандагонро таҳти унвони “Ҳам хиёнат карду ҳам душманӣ”, “Ошиқи дугонаамро дӯст доштам”, “Марди зандорро фаромӯш кун” мутолиа карда метавонед.

Дар қисмати дуюми ҳамин саҳифа зери рубрикаи хобномаи исломӣ таҳти унвони “Парвоз дар хоб чӣ таъбир дорад?” ва “Ангушти инсон дар хоб афтад, чӣ мешавад?” ба суоли хонандагони ҳафтанома посух дода шудааст.

“Домоди гумном”. Чунин унвон дорад қиссаи пурдарди ду ҷавони ошиқ, ки анҷоми хеле ҳузнангез дорад. Қиссаи мазкур воқеӣ буда, бори дигар волидонро ҳушдор медиҳад, ки қурбони нафсу пулу боигарӣ нашаванду хушбахтии фарзандони худро дар ҷои аввал гузоранд.

Таҳти рубрикаи “Адвокати “Оила” ба саволҳои хонандагони ҳафтанома адвокат Иноят Иноятов посух медиҳад. Дар шумораи навбатӣ ба суоли “Кӯдак ба моликияти волидон ҳақ дорад?” ва “Зӯроварӣ нисбати кӯдак ҷавобгарӣ дорад?” аз ҷониби адвокат посух гуфта шудааст.

“Лолаҳои сиёҳ”. Чунин унвон дорад қиссаи навбатӣ, ки таҷассумгари ишқи поки як духтараки соддаи деҳотӣ ба ҷавони эркаву сарватманди шаҳрӣ аст. Мутаассифона, қаҳрамони қиссаи мазкур ба доми фиреби ҷавон меафтаду ҳомиладор мешавад. Давоми қиссаи мазкурро дар шумораи навбатии ҳафтанома мутолиа карда метавонед.

Дар саҳифаи 8 муҳимтарин навгониҳои “Ютуб”-и тоҷикӣ пешкаши хонандагони ҳафтанома гардонида мешавад. Дар ин ҳафта хабарҳоро таҳти сарлавҳаи “Аз ҷудоии Шаҳлову Баҳодур то нашри “Senora”-и Ҳасан Мадудов” мутолиа намоед.

Зери рубрикаи солимӣ таҳти унвони “Сулфакабутак: сабабҳои пайдоиши беморӣ ва роҳҳои табобати он” маводи тиббӣ дарҷ гардидааст, ки дар он ба саволҳо оид ба бемории мазкур табиби сироятшиносии МДММ “Шифобахш” Ҳикматулло Шаҳтобов посух мегӯяд.

Таҳти рубрикаи “Суҳбати сари роҳ” аз фаъолияти касбӣ ва зиндагии шахсии иҷрокунандагони нақшҳои асосӣ дар филми “Ишқ-Пул-Душанбе” Сулаймон Сафаров ва Ёсамин Мӯсоева” маводеро таҳти унвони “Акаву хоҳар нестем, вале…” мутолиа намоед.

Ин ва дигар матлабҳои ҷолибу хонданибобро аз шумораи нави ҳафтаномаи “Оила” ҷӯед, ёбед, хонед!!!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *