Комроншоҳ, падарӣ муборак!

Тавлиди писар ҳам пирӯзии андак нест!

Комроншоҳи Устопириён тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ хабар додааст, ки бо хости Худованд, дар ин моҳи мубораки Рамазон падар шудааст. Комроншоҳи Устопириён, тавре аз акси нашркардааш бармеояд, ба писари худ Муҳаммад ном мондааст.

Amriddin Sport In Tjk дар Инстаграм навишта, ки Комроншоҳ соҳиби боз як пирӯзӣ шуд, вале на дар майдони гуштӣ, балки бо таваллуди писараш, ки ба ақидаи Амриддин, ин ҳам пирӯзии андак нест.

Мухлисони зиёде дар шабакаҳои иҷтимоӣ Комроншоҳи Устопириёнро бо таваллуди писари нахустинаш табрик гуфтаанд. Аҳли эҷоди ҳафтаномаи «Тоҷикистон» Комроншоҳро бо бахти падарӣ муборакбод гуфта, итминон доранд, ки Ӯ Муҳаммадро амсоли худаш банангу номус ва парчамбардори миллат тарбият мекунад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *