Ҳероин дар дохили пиёз

Шаҳрванди Тоҷикистон Акмал Фозилов, ки маводи мухаддирро мисли пиёз бастабандӣ карда, мехост 23 кило ҳероинро дар даруни бори пиёз ба Русия қочоқ кунад, ба 19 соли зиндон маҳкум шуд.

Додгоҳи вилояти Челябински Русия шаҳрванди 36-солаи Тоҷикистон Акмал Фозиловро, ки мехост 23 тонна ҳероинро дар даруни 20 тонна пиёз ба Русия қочоқ кунад, ба 19 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ гуфт, Акмал Фозилов, ки дар шаҳри Екатеринбург зиндагӣ мекард, тавассути телефон ва Интернет бо як нафар дар Қирғизистон дар мавриди ба таври қочоқӣ ба Русия фиристодани маводи мухаддир қарордод мебандад.

Тибқи нақша, ин шарикаш, ки тафтишот то ҳол натавонистааст шахсияти ӯро маълум кунад, бояд ҳероинро дар даруни ягон бори дигар ба Екатеринбург мефиристод ва Акмал Фозилов дар инҷо он ҳероинро мефурӯхт ва фоида аз ин «тиҷорат” байнашон тақсим мешуд. Шарикаш дар ҳақиқат 23 кило ҳероинро дар даруни 20 тонна пиёз пинҳон карда, бо як фураи боркаш ба Русия фиристод.

Аммо ин ду наркобарон то марҳалаи тақсими фоида нарасиданд. Рӯзи 12 июни соли 2016 вақте Акмал Фозилов барои гирифтани бораш омад, ӯро дастгир карданд. Маъмурони пулис қариб 1000 халта пиёзро тагурӯ карданд ва аз дохили 8 халта 234 бастаи селофании пур аз ҳероин бо вазни умумии 23 кило ёфт шуд.

Маводи мухаддирро чунон устокорона бастабандӣ карда ва ба рӯяш ҳатто пӯсти пиёз кашида буданд, ки дар назари аввал аз бақияи бори ин мошин фарқ карданаш душвор будааст.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *