Ҷоми футболи 15-солаҳо дар Тоҷикистон мегузарад

Сомонаи Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ додаст, ки  дар Тоҷикистон аз 2 то 10 июли соли равон мусобиқаи футболбозони 15-сола таҳти сарпарастии Ассотсиатсияи футболи  мунтахабҳои ҷавонони Осиёи Марказӣ таҳти номи «CAFA Cup-2017 – U-15» баргузор мешавад.

Дар мусобиқаи мазкур мунтахабҳои ҷавонон (U-15)-и кишварҳои Тоҷикистон, Эрон, Ӯзбекистон, Қирғизистон, Туркманистан ва Афғонистон ширкат меварзанд. Тибқи муқаррарот вохӯриҳои мунтахабҳо аз рӯйи системаи даврӣ дар як давра баргузор мешаванд. Ғолиб аз рӯйи холҳои зиёдтари гирифтааш муайян мегардад.

Дар мусобиқа барои Ҷоми футболи  15-солаҳои Ассотсиатсияи футболи  мунтахабҳои ҷавонони Осиёи Марказӣ  «CAFA Cup-2017 – U-15»  15 вохӯрӣ пешбинӣ шудааст. Аз ин 10 вохӯрӣ дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Ҳисор доир мешавад. 5 вохӯрии дигар дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.

Тақвими бозиҳои мусобиқаи  «CAFA Cup-2017 – U-15»

Даври 1-ум

2 июл (якшанбе)

17:00 – Эрон – Туркманистон. Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Ӯзбекистон – Афғонистон. Душанбе,  Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказӣ

20:00ТОҶИКИСТОН – Қирғизистон. Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

Даври 2-юм

4 июл (сешанбе)

17:00 –  Ӯзбекистон – Эрон.  Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Туркманистон – Қирғизистон. Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказӣ

20:00 – Афғонистон – ТОҶИКИСТОН. Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 3-юм

6 июл (панҷшнбе)

17:00 – Қирғизистон  – Ӯзбекистон. Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Эрон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказӣ

20:00ТОҶИКИСТОН  – Туркманистон.  Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 4-ум

8 июл (шанбе)

17:00 – Эрон – Қирғизистон. Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Афғонистон – Туркмнистон. Душанбе,   Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказӣ

20:00 – Ӯзбекистjн – ТОҶИКИСТОН. Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

 

Даври 5-ум

10 июл (душанбе)

17:00 – Туркманистон – Ӯзбекистон. Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

18:00 – Қирғизистон – Афғонистон. Душанбе, Варзишгоҳи ҷумҳуриявии марказӣ

20:00ТОҶИКИСТОН  – Эрон. Ҳисор,  Варзишгоҳи марказӣ

http://tajikistantimes.com/tajikistan-3/%15-2/

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *