Ҷаласаи муфтиёт ва ҳукумат: «идгардак манъ нашудааст!”

Муфтиёт ва масъулини ҳукумати Тоҷикиситон дар пайи паҳни овозаҳо дар бораи манъи идгардак аввали ҳафтаи равон ҷаласа баргузор намудаанд.

Тавре имомхатибони масоҷиди шаҳри Душанбе хабар доданд, дар ин ҷаласа супориш шудааст, ки беасос будани манъи идгардакро ба тамоми мардуми Тоҷикистон расонанд.

Имомхатибон аз ҷумла оростани дастархон ва хурсандии кӯдаконро дар Рӯзи Фитр як ҷузъи анъанаи исломӣ ва миллӣ арзёбӣ намуда, таъкид намуданд, ки дар сатҳи ҳукумат ҳеч иқдоме алайҳи ин анъана гирифта нашудааст: “Дар барномаҳои микрофони озод шаҳрвандон назарҳои гуногунашонро баён мекунанд, аммо ин маънои онро надорад, ки ҳукумат ҳар яки онро ҷонибдорӣ хоҳад кард”.

Имомхатибони тоҷик таъкид намуданд, ки дар оростани дастархон ва идгузаронӣ набояд ба исрофкорӣ роҳ дода шавад, ки исроф хилофи шариат мебошад

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *