Консерти деринтизори Валиҷон Азизов нашр шуд
Овозхони саршиноси кишвар Валиҷон Азизов шакли пурраи консертеро, ки ба ифтихори 20-солагии фаъолияти эҷодиаш дар шаҳри Душанбе охири соли гузашта доир намуда буд, дар ютубканали расмиаш нашр кард.
Дар аввали барномаи консертӣ тамошобинон дар экран филми хурде доир ба ҳаёту фаъолияти Валиҷон Азизов, махсусан 20 сол дар саҳна буданашро мебинанд ва пасон он оғоз мегардад.
Консерти мазкур 164 дақиқа буда, дар он овозхон таронаҳои куҳнаву навашро иҷро кардааст. Ҳамчунин, дар он се суруди дуовозӣ бо Муҳдато аз Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷонибек Муродов ва Фараҳноз Шарафова пешкаши мухлисон гардидааст. Аз миёни таронаҳои мазкур суруди наверо бо Фараҳноз Шарафова сароидааст, ки ҳанӯз пеш аз нашри консерт порча-порча дар шабакаҳои иҷтимоӣ чарх мезад ва шунавандагони худро пайдо карда буд.
Хосияти хоси барномаи консертии Валиҷон Азизов аз аксар овозхонҳо дар он аст, ки ӯ дар миёни таронаҳояш бо тамошобинон суҳбат мекунад, шӯхӣ мекунад, об менӯшад, дар бораи суруди навбатиаш маълумот медиҳад. Вале иловатан, махсусияти консерт ин сурудҳоро ба таври зинда иҷро кардани ҳунарманд аст, ки дар ҳоли ҳозир бисёр кам вохӯрдан мумкин аст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ