Консерти Садриддин дар 3 шаҳри бузурги Конодо баргузор мешавад

Ҳунарманди шинохтаи тоҷик Садриддини Наҷмиддин дар шаҳри Монтреал Конодо консерт баргузор мекунад.


Ин консерт бо дастгирӣ ва ташаббуси ду ширкати афғонистонӣ, «Аҳмад-кампани»( Ahmadi’s Company) ва «Қиём-интертентмент» (Qiam Entertainment) дар шаҳрҳои Торонто, Монтериал ва Калгарӣ рӯзҳои 9-10-17  июн баргузор мешавад.

Дар ин хусус Равшани Темуриён, рӯзноманигор ва раиси Диаспораи тоҷикони Конодо ба мо хабар дода, афзуд, ки дар консерт тоҷикон аз ҳама гушаву канори Конодо сафарбар шудаанд ва ширкат хоҳанд кард. Ҳамчунин, дар консерт мардуми Афғонистони сокини Конодо ва Эрониён ширкат мекунанд.

Равшани Темуриён аз хабари баргузори консерти Садриддин дар Конодо хурсанд шуда, дар саҳифаи иҷтимоии фейсбук навишт: «

«Дар ҳошияи сафари ҳунарии Садриддинҷон
(Дарди дили муҳоҷири куҳансол)

Хуш омадӣ ба мулки ғарибони тоҷикам, Садриддини азизи дилҳо!

Мо ҳамин қадар майда шудем, аз дидори ҳамдигар дур мондем.

Мо ҳамин қадар бе меҳр шудем, ки дар мулки ғарибон майда шудем. Ту омадиву мо зинда шудем.

Дар 150 сол фақат чор тоҷик ба Конодо омад: профессор Саъдинисо Ҳакимова, профессор Мунира Шаҳидӣ, Шабнамҷону ту. Дигар касе еди мо, ғарибонро накард.

Ин қадар майдаву реза шудем…

Гуғ ин қадар миллати бузургем, ки ҳамдигарро ба ду ҷиноҳи мухолиф тақсим кардем. Боз иди ваҳдатро ҷашн мегирем…

Ту омадиву нафасамон рост шуд.

Хеле хуш омадӣ ба ин Ватани ғарибони тоҷикам!

Ту меҳмони ҳар тоҷики ғариби бечораат!

Аз номи ҳар як тоҷики ғарибат ба оғуш мегирамат!

Тоҷикат бо номи Равшани Темуриён»…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *