Қазоқистону Туркманистон алайҳи Толибон муттаҳид мешаванд

Намояндагони парлумони Қазоқистон тавофуқномае байни ин кишвар ба Туркманистон дар заминаи иқдоми муштарак барои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси марзӣ, ба хусус дар муқобили ҳамлаҳои Толибон, тасвиб карданд.


Дорхон Дилмонов, муовини Кумитаи амнияти милли Қазоқистон ва мудири хадамои марзбонии ин кишвар зимни ишора ба таҳдидҳои эҳтимолӣ алайи марзи Туркманистон бо Афғонистон гуфт: «Толибон барои бесубот кардани вазъият дар ин минтақаҳо талош хоҳанд кард». Вай ҳамчунин афзуд, «Шибҳанизомини Толибон дар назар доранд, то аз ин тариқ, тарнзити маводи мухаддир ба Осиёи Марказӣ, Қафқоз ва Русияро анҷом диҳанд, ки дар ин замина ниёз аст, то намояндагони маҷлиси Қазоқистон пешнависи тавофуқномаи мазкурро тасвиб кунанд».

Ин мақоми қазоқ мегӯяд, лоиҳа бар асоси чорчуби қонунӣ барои ҳамкории марзи байни Қазоқистон ва Тукрманистон, поя ва асосе барои фаъолиятҳои намояндагони марзи ду кишвар фароҳам мекунад: «Бандҳои аслии ин тавофуқнома шомили гирифтани иқдомҳои лозим барои ҷилавгирӣ аз ҳаводиси марзӣ, идораи ин ҳаводис дар ҳолати бавуҷуд омадан, риояти қонунҳои гаштугузор марзи давлатӣ дар постгоҳҳои босрасӣ мебошад».

Ҳамкории марзии Қазоқистон бо Туркманистон дар заминаи муқобила бо таҳдидҳои Толибон дар ҳоле аст, ки ахиран ин ду кишвар дар заминаи таъйини ҳудуди марзи худ дар дари хазар тавофуқ карданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *