Коронавирус ҷони 132 танро гирифт, 6 000 нафар гирифторанд
Имрӯз шумораи гирифторони коронавирус ба 6 000 нафар расид, ки аз онҳо 132 нафар фавтида, 103 нафарашон табобат карда шуданд. Дар ин бора РИА Новости хабар медиҳад.
125 ҳолати фавт дар музофоти Хубэйи Чин, ки маркази ин бемории сироятӣ аст, ба қайд гирифта шудааст. Шахсони аз ин вуруси нав сироятёфта рӯз то рӯз зиёд шуда истодааст. Дирӯз аз коронавирус 106 нафар фавтида, шумораи сироятёфтагон ба 4515 нафар расида буд.
Маврид ба зикр аст, ки дар ҷисми 23 тан аз мусофироне, ки ахиран аз Чин ба Қазоқистон омаданд, таби баланд ошкор шуда ва 8 тан аз онҳо бо нишонаҳои гирифторӣ ба коронавирус дар бемористон бистарӣ гардиданд.
Бояд гуфт, ки ин бемории сироятӣ аллакай дар Камбоҷа, Ҳонконг, Макао, Тайван, Тайланд, Ҷопон, Кореяи Ҷанубӣ, ИМА, Ветнам, Сингапур, Непал, Фаронса, Австралия ва Малайзия ба қайд гирифта шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ