Қотили генерал Сулаймонӣ кушта шуд

Д’Андреа низомие амрикоие, ки дар пайи суқути ҳавопаймо дар Афғонистон кушта шуд, масъули амалиётҳо дар Шарқи Наздик ва қотили генерал Қосим Сулаймонӣ будааст. Дар ин бора хабаргузории “Спутник” хабар медиҳад.

Бояд гуфт, ки рӯзи 27-уми январ дар пайи суқути ҳавопаймо дар Афғонистон низомии амрикоие кушта шуд, ки дар куштори генерали эронӣ Қосим Сулаймонӣ даст дошт.

Гуфта мешавад, ки қурбони асосии суқути ҳавопаймо дар Афғонистон афсари баландмақоми амрикоӣ Майкл Д’Андреа гашт. Ӯ роҳбари амалиётҳо дар Шарқи Наздик будааст.

Бино бар иттилои манбаъ, маҳз Д’Андреа дар ташкили ҳамла ба роҳбари қисмҳои қувваҳои махсуси эронӣ «Қудс» аз Сипоҳи посдорони Инқилоби исломии Эрон Қосим Сулаймонӣ даст доштааст.

Ёдовар мешавем, ки дар аввал суқути ҳавопаймои мазкурро ба ширкати “Ariana Afghan Airlines” рабт медоданд, аммо дертар Амрико эълон кард, ки ҳавопаймо ба ИМА тааллуқ доштааст. Масъулияти терори тайёраро гуруҳи Толибон ба ӯҳда гирифтанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *