Тақвими рӯз: Аз 65-солагии “Гурдофарид»-и тоҷик то ба номи С. Айнӣ гузоштани театри опера ва балет

Зебинисо Рустамова 29-уми январи соли 1955 дар Ҷумҳурии Тоҷикистон таваллуд шудааст. Хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии педагогии шаҳри Душанбе ва донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ мебошанд. Устоди шоистаи варзиши Иттиҳоди Шӯравӣ, чемпиони мутлақи ҷаҳон (соли 1975- Интерлакен), ҷоизадори медали биринҷии Бозиҳои олимпии Монреал (соли 1976), Чемпиони ҷаҳон дар ҳайати тими Иттиҳоди Шӯравӣ (соли 1975 дар Интерлакен, соли 1985 дар Сеул, соли 1987 дар Сидней), дорандаи медали нуқраи чемпионати ҷаҳон (соли 1977 дар Австралия). Чемпиони Аврупо (солҳои 1976 – Копенгаген, 1985 – Измир, 1986 – Париж), 15 карат чемпиони Иттиҳоди Шӯравӣ, 20 маротиба рекордсменкаи Аврупо, Иттиҳоди Шӯравӣ ва Тоҷикистон, ғолиби мусобиқаҳои сатҳашон гуногун мебошад.

Зебунисо Рустамова, варзишгар

Солҳои 1986-1992 ҷонишини раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши РСС Тоҷикистон, солҳои 1992-1995 Раиси Кумитаи давлатии тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз соли 1992 то соли 2000 ноиби президенти Кумитаи миллии олимпии Ҷумҳурии Тоҷикистон (вазифаи ҷамъиятӣ) фаъолият намудааст.

Дар ҳамин рӯзи соли 1954 Театри давлатии опера ва балети Тоҷикистонро  ба номи асосгузори адабиёти советии тоҷик Садриддин Айнӣ номгузорӣ шуд.

Театри давлатии опера ва балети ба номи С.Айнӣ

-105-солагии зодрӯзи Иван Гришин (1915-1989), актёри театр, Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон.

-80-солагии зодрӯзи Музаффар Ғаниев (1940-1996), коргардони ТВ, ширинкор.

-58-солагии зодрӯзи (1962), Аваз Юлдошев, журналист.

Аваз юлдошев, журналист

-87-солагии зодрӯзи Аслиддин Осимӣ (1933), духтур

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *