“Корвони саломатӣ” дар Ашт хизмати ройгон мерасонад
Дар ноҳияи Ашт аз аввали моҳи апрел «Корвони саломатӣ»-и соҳаи тандурустӣ ба фаъолият оғоз намуда, то имрӯз ба наздики 3 ҳазор нафар сокинони ноҳия хизмати ройгони тиббӣ расонидааст.
Бино ба иттилои МИҲД-и ноҳияи Ашт, аз ҷумла, ба 1916 нафар маслиҳатҳо, ба 911 нафар хизматрасонии тиббӣ расонида шудааст.
Гуфта мешавад, ки дар «Корвони саломатӣ» мутахассисони зерин ба сокинони ноҳия хизмати худро пешниҳод намуда истодаанд:
• Табиби оилавӣ/табиби занона.
• Табиби чашм.
• Табиби қалб.
• Табиби гӯш, бинӣ, ва гулӯ.
• Озмоишгар.
• Радиолог.
• Ултурасадо.
— Лоиҳаи «Клиникаҳои тиббии сайёр» аз ҷониби Барномаи хайриявии Шоҳ Абдулло ибн Абдулазиз, Бонки Исломии Рушд идора шуда ва аз ҷониби ширкати “Нормека Интернешнл AС” амалӣ мегардад. Бояд қайд намуд, ки Созишнома байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Исломии Рушд ба имзо расида, аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст. Сокинон метавонанд аз чунин хизматрасониҳо ройгон (бепул) истифода баранд,- меафзояд манбаъ.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ