Генерал Рауфзода: Дар симои ҳар як сарбоз фарзанди худамро мебинам

(Гуфтугӯ бо Фармондеҳи Қӯшунҳои дохилии ВКД, генерал-майор Рауфзода Суҳроб Орзу дар бораи ҳодисаи ноҷавонмардонаи латукӯби сарбозон)

— Салом, рафиқ генерал! Ман Доро Суҳробӣ, рӯзноманигор. Имконаш ҳаст, ки бо шумо суҳбат намоям?

— Чаро не. Марҳамат. Фақат баъди аксгирӣ бо сарбозон, ки онҳо аввал хоҳиш карда буданд.

— Ҷаноби генерал, навори латукӯби сарбозон, ки тайи ду рӯзи охир дар расонаҳои иттилоотӣ чарх мезанад, вокунишҳои зиёдеро ба бор оварда, он хашми корбаронро барангехтааст. Мо андешаҳои шуморо дар хусуси он шунидан мехоҳем.

— Мо дирӯз хабардор шуда, фавран аз пайи муайян кардани он ҷинояткорон шудем. Ман ба командирони қисмҳои ҳарбии дохилӣ дастурҳои заруриро додаам ва минбаъд назоратро боз ҳам пурзӯртар менамоям. Муборизаи ман ва ҳайати шахсии Қӯшунҳои дохилии ВКД аз фармондеҳ сар карда, то сарбози қаторӣ барои аз байн бурдани ҳолатҳои солорманишӣ (дедовшина) аст. Ин корро мо мекардем, аммо шуруъ аз дирӯз бо пурзӯртар хоҳем кард.

Ба такрор мегӯям, ки он навор амали ноҷавонмардонаву ғайринсонии он сарбозон мебошад. Инсоне, ки аз Худо тарс дошта бошад, чунин рафтори аблаҳона намекунад. Инро низ бояд зикр кард, ки нафаре, ки аз Худо наметарсад, на аз фармондеҳ, на аз прокурор, на аз суд ва на аз қонун тарс надорад.

— Барои пешгирии чунин ҳолатҳои ғайринсонӣ чи тадбирҳоро бояд роҳандозӣ кард?

— Дар оила ба тарбияи фарзандон диққати ҷиддӣ дода шавад. Бояд волидайн фарзандонашонро дар руҳияи баланди худшиносиву меҳандӯстӣ ва эҳтиром ба дигарон ба воя расонида, арзишҳои муҳиму баланди инсониро омӯзанд. Шумо тасаввур кунед, нафареро, ки 18 сол ё беш аз инро дар оила тарбия карда наметавонанд, мо дар 1 ё 2 сол чӣ гуна ӯро тарбия менамоем!? Аз ин рӯ, бояд дар тарбияи фарзандон падару модар ва омӯзгорон ҷиддӣ муносибат намоянд.

Дар асоси дастури ман филме аз рӯзгори он сарбозоне, ки бо ин ё он рафтори берун аз оинномаи ҳарбӣ ҳоло дар зиндонҳои кишвар қарор доранд, омода гардида, пайваста барои огоҳиву ҳушдор додан ба афсарону сарбозон нишон дода мешавад. Он сарбозон дар филм аз кирдорҳои ҷинояткоранаи хеш изҳори пушаймонӣ карда, даъват намудаанд, ки ҷавонони дигар чун онҳо хато содир накунанд. Ба назари мо ин ҳам яке аз роҳҳои пешгирии чунин ҳолатҳои ғайриинсонӣ мебошад. Ҳамаи қисмҳои ҳарбии мо дорои камераҳои мушоҳидавӣ буда, тавассути он ҳаракат дар дохили қисмҳои ҳарбӣ аз ҷониби навбатдори қисми ҳарбӣ ба таври шабонарӯзӣ назорат карда мешавад ва тасмим дорем, ки боз теъдоди ин камераҳоро бештар намоем.

Имрӯз Артиши мо дар муқоиса ба солҳои 1994-95-96 ба маротиб зиёд гардида, он пуриқтидору нерӯманд ва сипари боэътимоди давлату миллат аст. Замоне буд, ки мо мутахассис надоштем. Ҳоло бошад, Артиши мо дорои беҳтарин мутахасиссони соҳавӣ аст, ки аксарияти онҳо дар хориҷ аз кишвар таҳсил карда омадаанд. Барои мисол ҳар сол беш аз 50 нафар пас аз хатми академияҳои хориҷӣ дар Қӯшунҳои дохилии ВКД ба фаъолият оғоз менамоянд.

— Ба корбарони расонаҳои иттилоотӣ, хусусан ҷавонон чӣ гуфтаниед?

— Барои рафтори чанд ноҷавонмарду ноодам набояд ба Артиши миллиямон ва ҳама афсарону сарбозони далери он баҳои манфӣ дод. Мо, ҳама як Ватан ва як ҳадаф дорем. Ба эҳсосот дода шуда, ҳамдигарро таҳқир намудан кори дуруст нест. Онҳое, ки ҷиноят карданд ё аз оинномаи ҳарбӣ берун шудаанд, дар назди қонун ҳатман ҷавоб мегӯянд…

Инчунин, аз намояндагони васоити ахбори омма хоҳиш менамоям, ки ҳамкориро бо қисмҳои ҳарбӣ бештар намоянд, то мо дар якҷоягӣ чунин амалҳои ноҷавонмардонаро ошкор ва пешгирӣ намоем.

Имрӯз Артиши мо бо ташаббусу дастгириҳои пайвастаи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пуриқтидору нерӯманд аст ва дар он фарзандони ватандӯсту худшиноси тоҷик хизмати шабонарӯзӣ доранд. Ба қадри меҳнати родмардони Ватан ва сулҳу субот расидан вазифаи ҳар кадоми мост.

— Сухани дигаре доред?

— Ман аз зинаи сарбозӣ ба ин зина (рутбаи генералӣ дар назар аст,- Д. С.) расидаам. Аз ин рӯ, сарбозонро хуб дарк менамоям. Бо ифтихору масъулияти баланд мегӯям, ки дар симои ҳар як сарбоз фарзанди худамро мебинам.

Мусоҳиб: Доро СУҲРОБӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *