Оғози форуми ҷавонон дар шаҳри Душанбе

Имрӯз дар шаҳри Душанбе, дар толори маҷлисгоҳи КВД БДА «Амонатбонк» форуми ҷавонон таҳти унвони «Дарёфти роҳҳо ва абзорҳои истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ ба манфиатҳои миллӣ ва тарғиби арзишҳои давлатдорию давлатсозӣ» доир гардид.

Дар форуми мазкур намояндагони Кумита ҷавонон, Иттифоқи ҷавонон, Вазорати фарҳанг, Маркази тадқиқоти стратегӣ, АМИТ «Ховар”, Кумитаи радио ва телевизион, Ассотсиатсияи блогерони Тоҷикистон, ВАО-и расмиву хусусӣ, рӯзноманигорон ва блогерон иштирок карданд.

Нахуст раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш Абдулло Раҳмонзода суханронӣ намуда, таъкид варзид, ки нақши ҷавонон, хусусан блогерон дар тарғиби арзишҳои миллӣ бузург буда, саҳми шабакаҳои иҷтимоӣ хеле босазост.

Номбурда инчунин изҳор дошт, ки 40%-и аҳолии кишварро ҷавонони синнашон аз 14 то 30 ташкил дода, ҳамасола ин нишондиҳанда 2% зиёд мегардад ва синни миёнаи аҳолӣ дар кишвар 25 мебошад. Ба гуфти ӯ, 8 млн аҳолии Тоҷикистон дорои телефони мобилӣ буда, аз онҳо 1,49 млн дар шабакаҳои иҷтимоӣ фаъол ҳастанд.

Номбурда аз тамоми блогерон даъват ба амал овард, ки барои тарғиби дастовардҳои давлат ва фарҳангу арзишҳои миллӣ саҳмгузор бошанд.

Сипас намояндаи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон Раҳмоналӣ Мирализода дар бораи роҳҳои мубориза бо омилҳои зиддимиллӣ гуфт. Ҳамчунин таъкид намуд, ки ҷавонони имрӯзаи тоҷик бояд пеш аз ҳама зиракии сиёсиро аз даст надода, ба ҳар гурӯҳи даҳшатафкану ифротгаро ва манфиатхоҳи хориҷӣ шомил ва мояи густариши арзишҳои ғайри миллӣ, хусусан идеологияи ифротӣ нагарданд. Аз хабару овозаҳои бардурӯғ, беасос, носанҷида, иғвоангез ва ҷудоиталаб худдорӣ намоянд. Ӯ аз блогерон хоҳиш намуд, ки покии забони тоҷикиро нигоҳ дошта, аз алфози қабеҳу дашномҳо худдорӣ варзанд.

Муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ Ҳабибулло Амирбекзода дар бораи тарғиби соҳаи сайёҳӣ, хусусан гузоштани аксу видеоҳо аз ҷойҳои тамошобоби кишвар дар шабакаҳои иҷтимоӣ, тарғиби фарҳанги тоҷикӣ, аз ҷумла таому либоси миллӣ, меҳмоннавозии тоҷикӣ таъкид намуда, аз блогерон хоҳиш намуд, ки дар ин бора бетараф набошанд.

Ҳамчунин, номбурда блогеронро барои ҳамкорӣ бо кумитаи мазкур даъват кард. Ӯ инчунин изҳор намуд, ки дар ояндаи наздик озмуни «Блогери беҳтарин» аз ҷониби кумита ба роҳ монда шуда, дар арафаи ҷашни Истиқлол натиҷагирӣ карда мешавад.

Форум бо дастгирии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Иттифоқи ҷавонони Тоҷикистон, Созмони «Ҷавонон — пайравони Пешвои миллат» ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид.

Ҳадаф аз баргузории форум пайдо кардани усулҳои тарғиби арзишҳои миллӣ дар шабакаҳои иҷтимоӣ мебошад. Форуми мазкур аз 26 то 29-уми апрел дар шаҳру ноҳияҳои Душанбе, Панҷакент, Айнӣ, Истаравшан ва Хуҷанд баргузор мегардад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75