Кумакҳои ҳангуфти ИМА ва Олмон ба Украина

Ҳафтаи равон ИМА ва Олмон бастаҳои нави кумакҳои низомии хешро ба Украина эълон карданд. Коршиносон нигарон аз онанд, ки ҷанги Русия бо Украина идомадор хоҳад шуд.

Олаф Шолтс, садри аъзами Олмон рӯзи 2-юми декабр бо як сафари эълоннашуда вориди Киев шуд.

Ӯ қавл дод, ки кишвараш дар моҳи декабр ба Украина ба арзиши 650 миллион евро силоҳи изофӣ медиҳад.

Сухангӯйи Вазорати дифои Олмон гуфт, ки кумак аз низоми дифои ҳавоии IRIS-T, тонкҳои “Леопард 1”, дрон ва таҷҳизоти дигар иборат хоҳад буд.

Шолтс дар паёме дар шабакаи “X” (Твиттери собиқ) навишт, ки “Олмон пуштибони қавитарини Украина дар Аврупо мемонад”.

Садри аъзами Олмон дар Киев бо Владимир Зеленский, раисҷумҳури Украина суҳбат кард.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико низ рӯзи 2-юми декабр бастаи нави ёриҳои низомиро ба Украина эълон кард.

Ин баста аз мина, муҳимот барои низоми мушакандози HIMARS, ҳавопаймоҳои бесарнишин ва мушакҳои “Стингер” иборат аст.

Пулаш ба 725 миллион доллар мерасад.

Маъмурияти Ҷо Байден мехоҳад пеш аз дохил шудани раисҷумҳури мунтахаб Доналд Трамп ба Кохи Сафед, ба Киев кумаки бештар расонад. Трамп борҳо ёрии Амрикоро ба Украина танқид кардааст.

Энтони Блинкен, вазири умури хориҷии Амрико дар изҳороте кумаки навро “бастаи муҳим” номид.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *