Кумаки башардӯстонаи USAID ва шарикон ба оилаҳои аз офати табиӣ зарардидаи Тоҷикистон

27-28-уми августи соли 2023 боронгариҳои шадид боиси селу обхезӣ, лағжиши замин ва резиши санг дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон гардид. Махсусан, шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб, Деваштич, Рашт, Нуробод, Тоҷикобод, Сангвор, Фархор, Хуросон ва Ёвон зарар диданд.

Дар натиҷаи офати табиӣ хонаҳо, роҳҳо, пулҳо, мактабҳо, заминҳои кишоварзӣ, каналҳои обёрӣ, чорвои хонагӣ, хатҳои барқ, обу корезӣ, истгоҳҳои обкашӣ, мошинҳо ва дигар зерсохторҳо осеб диданд.

Бино ба иттилои КҲФ, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳар як ноҳияи аз офати табиӣ зарардида Комиссияи байниидоравии ҳолатҳои фавқулодаро фаъол гардонид, ки ба амалиёти вокуниш ба таври комил мусоидат мекунад. Илова бар ин, дар ҳар ноҳияи зарардида барои ҷамъоварӣ ва арзёбии иттилооти лозим ва ҳамоҳангсозии фаъолиятҳои вокунишӣ Марказҳои ҳолатҳои изтирорӣ ташкил карда шуд.

То ба имрўз фаъолиятҳои вокуниш дар ноҳияҳои зарардида иборатанд аз: ҷустуҷўю наҷот, кӯчонидани аҳолӣ аз минтақаҳои хавфнок, безараргардонии доимии ҳудуди офатзада, тоза кардани маҳалҳо аз партовҳо, арзёбии хисорот ва эҳтиёҷот, бақайдгирии одамони зарардида, барқарорсозии хизматрасонии коммуналӣ, ҷамъоварӣ ва тақсимоти кумаки фаврӣ, инчунин банақшагирии барқарорсозӣ.

Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон бо дастгирии Бюрои ЮСАИД оид ба кумакҳои башардӯстона ба 160 хонавода (800 нафар) барои рафъи эҳтиёҷоти аввалия ашёи рўзгор кумак расонидааст. Бино бар натиҷаи арзёбиҳо дар маҳалҳои зарардида, аҳолии осебдида дар шаҳри Ваҳдат ва ноҳияи Рӯдакӣ барои қонеъ кардани ниёзҳои аввалияашон бо ашёи рӯзгор (бистар — 800 адад, болишт — 800 адад, рахти ҷойи хоб — 800 адад, кӯрпа — 800 адад, сатили пластикӣ (10 литр) — 320 адад, бел — 160 адад, каланд — 160 адад, бастаи маводҳои ошхона — 160 баста ва хайма — 20 адад) дастрас карда шудааст.

Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо дастгирии Бюрои USAID оид ба кумаки башардӯстона) маводи зеринро барои тақсимоти минбаъда ба хонаводаҳои зарардида ба Кумитаи ҳолатҳои фавқулода супурдааст:

— 1,200 бастаи гигиенаи оилавӣ ва шахсӣ (барои қонеъ кардани ниёзҳои на камтар аз 6000 одамони зарардида кофӣ аст);

— 1,220 қуттии қурсҳои тозакунандаи об /NaDCC, 33мг таб/PAC-50 (барои безараргардонии зиёда аз 305,000 литр об барои истеъмоли одамон кифоя аст).

Дар доираи ин амалиёт, Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон оилаҳоеро, ки хонаҳояшон зарари калон дида ва молу мулки худро аз даст додаанд, оилаҳои осебпазири серфарзанд ё пиронсолон ва оилаҳоеро, ки сардори он занҳо танҳо ноновари хона мебошанд, фаро гирифтааст.

Тамоми раванди қабул, интиқол, дастрас ва тақсим намудани кумаки мазкур ба минтақаҳои зарардида бо назардошти арзёбии ниёзҳо бо намояндагони Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мақомоти маҳаллии минтақаҳои офатзада мувофиқа карда шудааст.

— То 18-уми сентябри соли 2023 Кумита бо дастгирии Ҷамъияти Ҳилоли Аҳмари Тоҷикистон, Бюрои USAID оид ба кумаки башардӯстона, Агентии Оғо Хон оид ба Ҳабитат, Ташкилоти Ҷамъиятии «Дили Хайрхоҳ», Барномаи озуқавории ҷаҳонии СММ, Хазинаи кӯдакони СММ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, САҲА ва захираҳои худи Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бастаҳои иборат аз маводи хӯрока, бастаҳои гигиении оилавӣ ва гигиенаи шахсӣ, рахти хоб, зарфҳо барои нигоҳдории об ва қурсҳои тозакунандаи об ба зиёда аз 1000 хонаводаҳои зарардида дар шаҳрҳои Ваҳдату Ҳисор, ноҳияҳои Рӯдакӣ, Варзоб ва шаҳри Душанбе (ноҳияи И. Сомонӣ) тақсим намуд,- меафзояд манбаъ.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *