Нагелсман сармураббии мунтахаби Олмон интихоб шуд

Собиқ сармураббии дастаҳои «Хоффенхайм», «РБ Лейптсиг» ва «Бавария»-и Мюнхен Юлиан Нагелсман сармураббии мунтахаби Олмон интихоб гардид. Дар ин бора ТВ “Варзиш” аз қавли рӯзноманигор Фабритсио Романо хабар дод.

Ба иттилои манбаъ, Ассотсиатсияи футболи Олмон (DFB) амалан бо Юлиан Нагелсман ба мувофиқа расида, ҷонибҳо қарордоди ҳамкорӣ ба тасвиб расонидаанд. Нагелсман тими миллии Олмонро дар Чемпионати Аврупо-2024 омода ва роҳнамоӣ мекунад.

Қайд карда мешавад, ки маоши Юлиан дар тими миллӣ назар ба «Бавария», ки мутахассиси ҷавон моҳи марти соли гузашта онро тарк карда буд, хеле камтар хоҳад буд.

Тавре қаблан хабар дода шуда буд, DFB ният дорад ба Нагелсман то Ҷоми Ҷаҳонии соли 2026 шартнома пешниҳод кунад.

Чемпионати Аврупо-2024, ки мусобиқаи хонагии Олмон хоҳад буд, аз 14-уми июн то 14-уми июл баргузор мешавад. Мусобиқаро 10 варзишгоҳ ва 10 шаҳр қабул мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *