Кумсангир: раққосаҳо боиси марг гаштанд

Тибқи як маълумот бар асари  занозании хунини шаби соли нав дар як тарабхона дар шаҳраки Дӯстӣ, маркази ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир) Алишер Абдуллоев, сокини 30-солаи шаҳри Қӯрғонтеппа кушта шудааст. Шоҳидон мегӯянд, Алишер Абдуллоев, ки мудири тарабхона буд, бо як гуруҳи ҷавонони маҳаллӣ барои раққосаҳо ҷанҷол шудааст. Он ҷавонҳо талаб кардаанд, ки раққосаҳоро онҳо бояд баранд.

Бино ба хабарҳои дарёфтӣ, сабаби занозании хунини шаби соли нав дар шаҳраки Дӯстӣ, маркази ноҳияи Ҷайҳун (собиқ Қумсангир)-и вилояти Хатлон баҳси байни мудири тарабхона ва як гуруҳи ҷавонони маҳаллӣ будааст. Мудири тарабхона баъди анҷоми ҷашни солинавӣ бояд раққосаҳои даъватшударо ба хонаҳояшон мебурд, вале як гуруҳи ҷавонони маҳаллӣ даъво кардаанд, ки онҳо мехоҳанд раққосаҳоро бо худ баранд.

Ҳамсӯҳбати «Ахбор” гуфт: «Тибқи қарордод, мудирони тарабхонаҳо масъулияти ҳифозати раққосаҳову ҳунармандонро ҳам бар ӯҳда доранд ва баъди анҷоми тӯю ҷашнҳо онҳоро ба хонаҳояшон расонда, ба мизоҷон, ки аксар дар ҳолати мастӣ назорати худро аз даст медиҳанд, нагузоранд, ки ба ҳунармандон осебе бирасад.”

Алишер Абдуллоев низ баъди анҷоми ҷашни солинавӣ раққосаҳоро, ки ду нафараш аз ноҳияи Вахш ва дуи дигараш Душанбе будаанд, аз тарабхона бароварда, ба мошин мешинонад, то ки ба хонаҳояшон бурда расонад. Вале се мард аз деҳаи Истиқлоли ҷамоати Панҷи ноҳияи Ҷайҳун, ки дар ҳолати мастӣ қарор доштанд, пеши роҳи Алишерро гирифта, шарт мемонанд, ки раққосаҳоро онҳо мебаранд.

Баҳси байни онҳо барои раққосаҳо ба занозанӣ печидааст ва дар ҷараёни занозанӣ он се нафар мудири тарабхона Алишер Абдуллоевро то мурдан латукӯб кардаанд. Алишер Абдуллоев ба иллати ҷароҳатҳои вазнин дар ҷои ҳодиса ҷон бохтааст.

Дар ин бора сомонаи Ахбор иттилоъ пахш кардааст.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *