Мавҷи эътирозҳо дар Эрон

Шаби 31 декабр бар асари эътирози мардум бар режими мавҷудаи Эрон дар чанд шаҳр ҳудуди 10 нафари дигар кушта шуданд. Телевизиони давлатии ин кишвар гуфт, ки  эътирозгарони мусаллаҳ кӯшиши ғасби чанд шуъбаи пулис ва пойгоҳҳои низомиро доштанд, вале ба муқовимати нирӯҳои амниятӣ рӯбарӯ шуданд.

Телевизиони давлатии Эрон рӯзи 1 январ хабар дод, ки «дар ҳаводиси шаби гузашта, мутаассифона ҳудуди 10 нафар дар чанд шаҳр кушта шуданд. Тазоҳургарони мусаллаҳ талош карданд, ки чанд шӯъбаи пулис ва пойгоҳҳои низомиро тасарруф кунанд, вале ба муқовимати ҷиддии нирӯҳои амниятӣ рӯбарӯ шуданд.”

Дар кадом шаҳрҳо ва аз ҷониби кӣ кушта шудани ин 10 нафар гуфта нашудааст. Вакили парлумони Эрон Ҳидоятуллоҳ Ходимӣ хабар дод, ки ба иттилои ӯ, ду нафар дар эътирозҳо дар Иза ҷон бохтаанд: «Вале ман ҳанӯз намедонам, ки тирандозиҳои шаби гузашта аз ҷониби пулис сурат гирифтаанд ва ё аз сӯи тазоҳургарон.”видео 2

Бо ҳалокати боз 10 нафари дигар дар эътирозҳои шаби 31 декабр шумори умумии қурбониёни эътирозҳои Эрон, ки  5 рӯз боз идома дорад, ба дастикам 12 нафар мерасад. Рӯзи 30 декабр дар эътирозҳо дар шаҳри Дурӯд дар ғарби Эрон ду нафар ҳалок шуда буд.

Раиси ҷумҳури Эрон Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 1 январ дар ҷаласаи кобинаи вазирон дар вокуниш ба эътирозҳои густарда дар кишвараш гуфт, эътирозҳо ва интиқодҳо дар Эрон як амри муҷоз ҳаст, вале набояд аз ҳад бигзарад. Ӯ хостори ба таври муштарак ҳал кардани мушкилоти иқтисодии Эрон шуд: «Миллати мо ба ин ақалияте, ки шиорҳои зидди қонун ва хостҳои мардум зада, арзишҳо ва муқаддасоти инқилоби исломиро зери по мекунанд, посух хоҳад дод.”

Рӯҳонӣ қаблан гуфта буд, ки эътироз кардан ва изҳори ақида ҳаққи мутлақи мардум аст, вале ин эътирозҳо бояд бидуни хушунат сурат бигиранд.

Бо ин ҳол, шаби 31 декабр низ эътирозҳо дар саросари Эрон идома ёфтаанд. Пулис барои пароканда кардани тазоҳургарон дар майдони Инқилоби Теҳрон аз гази ашковар ва мошинҳои об истифода бурдааст. Раҳпаймоиҳои эътирозӣ ҳамчунин дар шаҳрҳои Кирмоншоҳ, Хуррамобод дар шарқи Эрон, дар шаҳри Шоҳиншаҳр дар шимолу ғарб ва дар шаҳри Занҷон дар шимоли Эрон баргузор шудаанд. Дар бораи идомаи эътирозҳо дар Машҳад, Хуррамдара, Санондоҷ ва Илом низ гузоришҳо ба даст мерасанд.

Пулиси Теҳрон гуфт, шаби 31 декабр дар майдонҳои Валиаср ва Инқилоб ҳудуди 200 тан аз эътирозгарон, бо шумули 40 тан аз раҳбарони ин эътирозҳоро дастгир кардаанд.

Мақомоти Эрон бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз густариши эътирозҳо дастрасӣ ба шабакаҳои иҷтимоиро масдуд кардаанд. Рӯзи 31 декабр корбарон дар Эрон ба ду шабакаи Инстаграм ва Телеграм дастрасӣ надоштанд. Ба бовари мақомот, шабакаҳои иҷтимоӣ ба як василаи асосии даъвати мардум ба раҳпаймоиҳои эътирозӣ табдил ёфтаанд.

Раисиҷумҳури Амрико Доналд Трамп, ки тақрибан ҳар рӯз тавассути Твиттер пуштибониаш аз эътирозгарон дар Эронро изҳор медорад, рӯзи 31 декабр навишт: «Эрон, давлати рақами яки пуштибони террор бо нақзи ҳарсоатаи ҳуқуқи инсон ҳоло Интернетро баст, ки тазоҳургарони осоишта бо ҳам мукотиба карда натавонанд. Кори хубе нест!

Тазоҳуроти ахир дар Эрон бузургтарин эътирозҳо аз замони эътирозҳои соли 2009 аст, ки мардум дар пайи эълони пирӯзии баҳсбарангези Маҳмуди Аҳмадинажод дар интихоботи президентӣ ба кӯчаҳо рехта буданд.

Эътирозҳои густарда дар Эрон рӯзи 28 декабр ба нишони эътироз аз боло рафтани нархи маҳсулоти ғизоӣ, аз ҷумла 40 дарсад боло рафтани нархи тухми мурғ оғоз ёфт. Нахустин гирдиҳамоиҳо дар Машҳаду Нишопур сурат гирифта, рӯзҳои 29 ва 30 декабр мардум дар Теҳрон, Аҳвоз, Кирмоншоҳ, Дурӯд, Шаҳри Курд, Занҷон ва ҳатто дар Қум, ки гаҳвораи инқилоби исломӣ ва саргаҳи режими Ҷумҳурии исломӣ шумурда мешавад, ба хиёбонҳо рехтанд.

«Миллат гадоӣ мекунад, охунд худоӣ мекунад”, «Сурияро раҳо кун, фикре ба ҳоли мо кун” аз ҷумлаи шиорҳоест, ки дар ин эътирозҳо садо медиҳанд. Мардум ҳамин тавр портретҳои оятуллоҳ Алии Хоманаӣ – раҳбари рӯҳонии Ҷумҳурии исломиро ба замин афканда, ба зидди режими мазҳабие, ки 39 сол боз бар Эрон ҳукумат меронад, шиор мезананд. Бино ба хабарҳо, дар чандин шаҳр эътирозгарон биноҳои давлатӣ ва мошинҳои пулисро оташ задаанд.

Аз ҷумла дар ин видеои нашршуда дар шабакаҳои иҷтимоӣ дида мешавад, ки эътирозгарон дар шаҳри Машҳад мошину мотосиклҳои пулисро ба оташ мекашанд.

Сипоҳи посдорони инқилоби исломӣ ва нирӯҳои ниманизомии Басиҷ – ду нирӯи асосии саҳим дар саркӯби эътирозҳои соли 2009 – то кунун ба ҷараёни эътирозҳои ахир дахолат накардаанд. Вале ин ду ниҳод тавассути як баёнияи матбуотӣ гуфтаанд, ки «миллати Эрон иҷозат нахоҳад дод, ки ба кишвар осебе расонда шавад.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *